Бо гузашти 287 рӯз аз ҷанги нобаробар дар Навори Ғазза, бомбаборони ҳавоӣ ва ҳамалоти тӯпхонаии артиши кӯдаккуш ва ҷинояткори режими саҳюнистӣ алайҳи занон ва кӯдакони бедифоъ ва мазлуми Навори Ғазза ҳамчунон идома дорад ва дар муқобил низ ба қавли Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ, размндагони фаластинӣ бо муқовимат ва истодагии худ, мӯҷиби ҳайрат ва шигифтии режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ва давлати Амрико шудаанд.
Дар ин росто артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар идомаи эъломи қатрачаконии омори талафоти худ аз захмӣ шудани 32 низомии ишғолгар дар 24 соати гузашта дар Навори Ғазза хабар дод, як низомии ин режим низ шаби гузашта дар Навори Ғазза ба ҳалокат расид; Аммо он чӣ мӯҷиби ҳайрат ва шигифтии режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ шуд, ҳамлаи паҳподии муқовимати исломии Яман ба сохтумоне дар Телавив буд, ки бомдоди имрӯз рух дод ва мавҷе аз ваҳшатро дар миён саҳюнистҳо барангехт.
Дар ҳамин робита як манбаи яманӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Ал-Маёдин эълом кард, ки паҳподе, ки имрӯз Телавивро ҳадаф қарор дод ва боиси рубъ ва ваҳшат дар миёни саҳюнистҳо шуд ва онҳо ҳайрат зада кард, сохти кишвари Яман аст. Ин манбаъ ҳамчунин баён кард, ки ин паҳпод масофати беш аз 2000 километрро тай кард ва муҷаҳҳаз ба системаҳои замонавии рахнакунӣ ва нуфуз будааст.
Кумитаҳои муқовимати Фаластин дар вокуниш ба амалиёти паҳподии артиши Яман ба қалби Телавив бо судури баёнияе ин амалиёти қаҳрамонона ва мунҳасир ба фардро табрик гуфтанд. Дар ин баёния омадааст, ки ҳамлаи паҳподии неруҳои мусаллаҳи Яман ба шаҳри Ёфо иқдоми бобаракате аст, ки зарбаи сахте ба истикбор ва режими саҳюнистӣ ворид овард ва аркони онро ларзоанд ва муҷби рубъ ва ваҳшат дар миёни саҳюнистҳо шуд.
Кумитаҳои муқовимати Фаластин дар ин баёния тасреҳ кард, ки ин амалиёти мунҳасир ба фард нишон дод, ки барои саҳюнистҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ сабот ва амнияте вуҷуд надорад ва он чи ҷинояткорони ҷангӣ дар режими саҳюнистӣ ба вижа Нетаняҳу, Галант ва ҳомиёни онҳо аз давлати Амрико ба мухотабони худ мегӯянд. Як таваҳҳум ва сароб аст.
Гурдонҳои муҷоҳидон ҳамлаи паҳподии неруҳои мусаллаҳи Яман ба қалби Телавив бо паҳподи “Ёфо”-ро як амалиёти қаҳромонона тавсиф ва аз он тамҷид кард. Ҳачунин ин ҷунбиш ин амалиётро як таҳаввули кайфӣ дар набарди меҳвари муқовимати исломӣ дар баробари душмани фашисти саҳюнистӣ унвон кард ва аз он тамҷид кард. Ва он чӣ ҷунбиши фаластинӣ аз мавзеи собити мардуми Яман, Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ, неруҳои мусаллаҳ ва ҷунбиши Ансоруллоҳ дар ҳимоят аз Навори Ғазза тақдир ва ташаккур кард. Ҳаинтавр, гурдонҳои муҷоҳидон иқдомоти артиши Яман ва соири гурӯҳҳои меҳвари муқовимат дар баробари режими саҳюнистиро шарофатмандонатарин мудохилаи низомӣ барои ҳимоят аз мазлумон ва таваққуфи беадолатии сҳюнистҳо донист ва аз он тамҷид кард.
Ҳамчунин гурдонҳои муҷоҳидон аз ҳамаи гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ хост то поёни ҷиноёт ва наслкушиҳои режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Навори Ғазза, анвоъ фишорҳо ба вижа фишори низомиро бар душмани саҳюнистӣ ва Амрико ташдид кунанд то даст аз наслкушӣ ва ҷиноятҳои худ бардоранд.
https://tajikpress.com/2024/07/19/