IQNA

2 амалиёти ҷавобии артиши Яман бар зидди Амрико ва Исроил

11:40 - July 21, 2024
рақами хабар: 1850
ИКНА - Артиши Яман аз ҳамлаи мушакӣ ба Илоти ишғолӣ дар Фаластини ишғолӣ ва амалиёти мушакӣ ва паҳподӣ ба як киштии Амрикоӣ дар дарёии Сурх хабар дод.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Яҳё Сариъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман имрӯз якшанбе эълом кард, ки неруҳои мусаллаҳи Яман дар як амалиёти мунҳасир ба фард бо чанд мушак аҳдофи муҳиммеро дар Эйлат ҳадаф қарор дод ва мушакҳо бо муваффақият ба аҳдоф исобат карданд.

Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман низ афзуд, ки амалиёти дигаре бо мушорикати неруи баҳрӣ, неруи ҳавоӣ ва мушакии Яман анҷом шуд ва киштии амрикоии Бомбаро дар Баҳри сурх ҳадаф қарор дод.

Дар баёнияи неруҳои мусаллаҳи Яман омадааст, ки ин амалиёти муштарак бо мушакҳои болистик ва паҳпод анҷом шуда ва мушакҳо ба лутфи Худо ба киштии Амрико исобат карданд.

Неруҳои мусаллаҳи Яман бар ҳаққи комили ин кишвар барои дифоъ аз худ дар баробари таҷовузоти Амрико-Англис ва таҷовузи режими Исроил таъкид кард. Яҳё Сариъ ҳамчунин таъкид кард, ки аз мавзеи қотеъи худ дар дифоъ аз миллати Фаластин дар баробари таҷовузи режими Исроил ақибнишинӣ намекунанд.

Ин мақоми низомии Яман ҳамчунин гуфт: Амалиёти баҳрии ин кишвар алайҳи киштиҳои исроилӣ, амрикоӣ ва англисӣ ё киштиҳое, ки озими бандарҳои Исроил ҳастанд то замоне ки таҷовузот ба Ғазза поён наёбад, мутаваққиф нахоҳад шуд.

Дар баёнияи неруҳои мусаллаҳи Яман омадааст, ки посух ба таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба Яман, ҳатмӣ ва бузург хоҳад буд.

Шаби гузашта ҷангандаҳои режими Исроил бо ҳамлаи ҳавоӣ ба вилояти Ал-ҳадида, неругоҳи барқ ва махозини сӯхтро ҳадаф қарор доданд, ки бино ба изҳороти сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман ҳамаи ин аҳдоф ғайринизомӣ буданд.

Вазорати беҳдошти Яман эълом кард, ки дар ин таҷовузи режими саҳюнистӣ, 3 нафар шаҳид ва 87 нафари дигар захмӣ шудааст, ки бештари онҳо дучори сӯхтагии шадид шудаанд.

https://tajikpress.com/2024/07/21/2

captcha