Ба гузориши хабаргузории "Русия Ал-Явм", шайх Аҳмад ибни Ҳамд Ал-Халилӣ, муфтии Уммон бо нашри як паём дар фазои маҷозӣ таъкид кард: Мо бо шунидани хабари ҳамлаи режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба кишвари бародарамон яъне Яман ҳайратзада шудем. Тамоми мусулмонон бояд аз Яман ҳимоят карда ва ин кишварро ёрӣ диҳанд.
Вай дар идома афзуд: Уммати исломӣ як уммати воҳид аст ва ҳар ҳамлае ба бахше аз ин уммат ҳамла ба тамоми он ба шумор меравад.
Шайх Аҳмад ибни Ҳамд Ал-Халилӣ, муфтии Уммон тасреҳ кард: Ин ҳамла ба далели ҳимоятҳои бародарони мо дар Яман аз ҳақ ва вокуниш ба мутаҷовизон алайҳи муқаддасоти исломӣ ва хунҳои рехта шуда дар арозии ишғолӣ сурат гирифтааст. Худованд ба онҳо хайр диҳад, ки чунин мавозеи шуҷоонае дар ёрӣ расондан ба ҳақиқат иттихоз кардаанд.
Шайх Аҳмад ибни Ҳамд Ал-Халилӣ, барои шуҳадои ҳамлаи шаби гузаштаи режими ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи Яман раҳмати восеъаи Худовандро масъалат кард.
Лозим ба зикр аст, ки дар ҳамлаи ваҳшёнаи шаби гузаштаи режими саҳюнистӣ алайҳи хоки Яман дасти кам се яманӣ ба шаҳодат расида ва беш аз 80 тани дигар захмӣ шуданд.
https://tajikpress.com/2024/07/21/