Ба гузориши манобеи хабарӣ, видеои зебо аз як муаллими Алҷазоирӣ, ки равиши мунҳасирбафард барои тасҳили ҳифзи Қуръон дар яке аз масоҷиди шаҳри Блидаи ин кишвар, ибдоъ карда, бо истиқболи зиёде аз сӯи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мувоҷеҳ шуд.
Дар ин равиш муаллими тӯпи кӯчакеро ба дасти донишомӯзон дода ва ҳаркадом пас аз тиловат оте аз як сура тӯпро ба яке аз ҳамклосиҳои худ дода ва вай низ бояд ояти баъдӣ аз сураи ёдшударо тиловат кунад ва ӯ низ пас аз тиловати ояте тӯпро ба яке дигар аз ҳамклосиҳои худ медиҳад ва ба интартиб кулли сура тиловат мешавад.
Вазорати авқофи Алҷазоир дар ибтидои тобистони имсол аз густариши чашмгири фаъолиятҳои қуръонӣ ба вижа давраҳои тобистонӣ омӯзиши Қуръон барои гурӯҳҳои синнии мухталиф ва ҳамчунин мусобиқоти маҳаллӣ ва кишварӣ хабар дода буд.