IQNA

Таҷлил аз кӯдакони ҳофизи Қуръон дар Туркия + акс

21:24 - July 22, 2024
рақами хабар: 1859
ИКНА - Алӣ Арбаш, раиси Созмони диёнати Туркия бо ҳузур дар устони Қоҷайлӣ, аз кудакони ҳофизи Қуръон дар ин устон таҷлил кард.

Ба гузориши хабаргузории Туркия, маросими фориғуттаҳсилии гурӯҳи ҷадиде аз кӯдакони ҳофизи Қуръон дар устони Қоҷайлии Туркия воқеъ дар шимоли ғарби ин кишвар бо ҳузури Алӣ Арбаш, раиси Созмони диёнати Туркия баргузор шуд. 

Созмони диёнати Туркия дар солҳои ахир, барномаҳои густурдаеро ба манзури афзоиши фаъолиятҳои қуръонӣ дар ин кишвар иҷро кардааст.

Ташкили давраҳои мухталифи омӯзиши ҳифз ва тиловати Қуръони Карим, баргузории рӯйдодҳои қуръонӣ ба вижа дар моҳи мубораки Рамазон, чоп ва тавзеъи Қуръони Карим дар Туркия ва дигар кишварҳо, баргузории мусобиқоти хушнависии қуръонӣ ва хаттотии вижаи китобати Қуръон аз муҳиммтарини ин фаъолиятҳо будааст.

Ҳизби аслӣ мухолифи ҳизби ҳокими Туркия, афзоиши ин фаъолиятҳоро гоми хилофи қонуни асосии Туркия ва усули собити Ҷумҳурии Туркия дар заминаи дунявӣ будани ҳукумат ва ҷудоии дин аз сиёсат тавсиф кардаанд аз сӯе ҳизби Адолат ва Тавсеа ин иқдомотро бахше аз суннатҳои дерина дар Туркия тавсиф мекунад, ки зомини ҳифзи ҳувияти асил ва тамаддуни куҳани ин кишвар хоҳад буд.

 

https://iqna.ir/fa/news/4227862

captcha