Ба гузориши ТоҷикПресс, намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид шаби панҷшанбе дар вокуниш ба ҳушдори иддаоии режими Исроил ба Фаронса дар бораи эҳтимоли харобкорӣ дар Бозиҳои олимпӣ тавассути гурӯҳҳои муқовимат таъкид кард, ки ҷойгоҳи даъвогар ва муттаҳам бо туҳматзадан иваз намешавад.
Намояндаи Эрон дар посух ба ин иддаъо эълом кард: Амалҳои террористӣ дар мантиқи гурӯҳҳои муқовимат ҷойгоҳе надорад. Дурӯғ ва фиреб мавқеи даъвогар ва айбдоршавандаро тағйир намедиҳад.
Вазорати хориҷаи режими Исроил рӯзи чаҳоршанбе бо ирсоли як ёддоште ба мақомоти фаронсавӣ, дар бораи тарҳҳои эҳтимолии Эрон барои анҷоми ҳамалоти террористӣ алайҳи исроилиҳо дар замони ин рӯйдоди варзишии бузург ҳушдор додааст.
https://tajikpress.com/2024/07/26/