Бинобар гузориши хабаргузории Шаҳоби Фаластин, дафтари итилоъ расонии давлати Фаластин дар Ғазза дар гузориши худ эълом кард, ки дар ҳамалоти режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба шарқи Хон Юнус дар 48 соати гузашта, 129 фаластинӣ шаҳид ва беш аз 100 нафари дигар захмӣ ва 44 нафар низ мафқуд шуданд.
Бар асоси ин гузориш, ҷангандаҳо ва танкҳои артиши режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар ин муддат 208 бор Хон Юнусро ҳадаф қарор доданд.
Дафтари итилоъ расонии давлати Фаластин дар Ғазза ҳамчунин эълом кард, ки дар ин муддат 237 сохтимон ва манзили маскӯнӣ дар Хон Юнус ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхонаии артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ қарор гирифтааст.
Куштори фаластиниёни борикаи Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ дар ҳоле ҳамчунон идома дорад, ки Бенямин Нетаняҳу нахуствазири режими ғосиб ва кӯдаккуши саҳюнистӣ, бомдоди имрӯз тайи суханронии худ дар Конгресси Амрико бо бешармии тамом наслкушӣ дар Ғаззаро, ки токунӯн ба шаҳодати 39 ҳазор ва 145 фаластинӣ ки бештари онон занон ва кӯдакон ҳастанд, ҷанги тамаддунӣ номид.
Ба дунболи суханронии вақеҳонаи Нетаняҳу дар Конгресси Амрико, Берни Сандерс сенатори амрикоӣ дар вокуниш ба ин суханронӣ гуфт: Нетаняҳу на танҳо як ҷинояткори ҷангӣ балки як дурӯғгӯ аст.
Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин, Ҳамос низ бомдоди панҷшанбе дар баёнияе дар вокуниш ба суханронии Нетаняҳу дар Конгресси Амрико эълом кард: Ин суханрони умқи буҳрони ӯ дар арсаи низомӣ ва ҷаҳониро нишон медиҳад.
Дар баёнияи ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин, Ҳамос омадааст: Вашингтон бо идомаи ҳимоятҳои низомӣ ва сиёсӣ аз режими палид ва ҷиенояткори саҳюнистӣ ва додани фурсати суханронӣ ба Нетаняҳуи ҷинояткор барои пок кардани дастони оғишта ба хӯни кӯдакони бегуноҳ, бар широкати комили худ дар ҷангу ҷиноят алайҳи Навори Ғазза таъкид кард.
Дар идомаи ин баёния, омада аст: беҳтар буд ба ҷои додани фурсати суханронӣ ба Нетаняҳу ҷиҳати беҳбуди виҷҳаи худ, ӯро боздошт ва ба унвони ҷинояткори ҷангӣ таҳвили девони байналмилалии додгустарӣ медоданд.
https://tajikpress.com/2024/07/25/