IQNA

Интишори тасвирҳои паҳподи Ансоруллоҳ чӣ паёмҳое дорад?

20:20 - July 26, 2024
рақами хабар: 1877
ИКНА - Карим Ал-Фаллоҳ, генерали бознишаста ба баррасии ин пурсиш пардохтааст, ки интишори тасвирҳои паҳподи Ансоруллоҳ аз минтақаҳои низомии Исроил чӣ паёмҳое дорад?

Ба гузориши ТоҷикПресс, Канали телеграмии шабакаи хабарии Ал-Ҷазира ба баррасии ин суол пардохтааст: Интишори тасвирҳои паҳподи Ансоруллоҳ чӣ паёмҳое дорад?

Карим Ал-Фаллоҳ, генерали бознишаста дар посух ба ин савол мегӯяд, бетардид ин тасвирҳои нашршуда маъноҳои рӯшане дар бораи қудрат ва имконоти Ансоруллоҳ барои иҷрои амалиётро нишон медиҳад.

Вай мегӯяд, мо аз 5 марҳила сухан мегӯем, ки Ҳусӣ дар амалиёти муқобила бо Исроил дар гузашта аз он истифода кард:

Марҳилаи аввал, партоби паҳподҳо ва мушакҳои баллистик ба ҷануби Исроил ба вижа бандари Эйлат.

Марҳилаи дуюм, ҳадаф қарордодани киштиҳое буд, ки ба Исроил коло интиқол медоданд.

Марҳилаи сеюм, ҳамла ба киштиҳои амрикоӣ ва англисие буд, ки бо ҳадафи муқобилаи низомӣ бо ҳусиҳо ба Баҳри сурх омада буданд.

Марҳилаи чорум, ҳамла ба тамоми киштиҳое, ки ба самти Исроил мераванд.

Марҳилаи панҷум, ки айни замон дар бораи он суҳбат мекунем, амалиёти ҳамлаи мустақим бо паҳпод ба ҳадафҳои муҳим дар дохили Исроил аст; ва ин ба он маъно аст, ки ҳусиҳо дар марҳилаи ҷадиде аз муқобила бо Исроил ҳастанд. Ин мавзуъ ҳақиқатан барои Исроил бисёр сангин маҳсуб мешавад, зеро марказҳои сиёсӣ ва низомӣ ва иқтисодии Исроил мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Карим Ал-Фаллоҳ илова кард, ки пас аз интишори тасвирҳо аз сӯи Ансоруллоҳ мақомоти ҳусӣ эълом карданд, ки ин даргириҳо идома дорад ва ин ба он маъно аст, ки ҳусиҳо имконот ва тавоноиҳое доранд, ки метавонанд ҳамла ба хоки Исроилро идомадор анҷом диҳанд. Хусусан ҳамла ба аҳдофи бузурге, ки паҳподи Ҳудҳуди-1 ва Ҳудҳуди-2 тавони анҷомашро доранд. Айни замон дигар бандаҳои Исроил ба монанди Ҳайфо ҳам ҳадафи ҳамлаи ояндаи ҳусиҳо мебошанд. Ҳамкории ҳусиҳо бо гуруҳҳои ироқӣ ҳам вуҷуд дорад чуноне, ки дар гузашта дар ҳамла ба дохили Исроил ин ҳамоҳангиҳоро нишон додаанд.

https://tajikpress.com/2024/07/25/

captcha