Ба гузориши манобеи ироқӣ, Бадри Мамита, аз коркунони воҳиди ходимони содоти вобаста ба остони Аббосӣ гуфт: Ходимон ду остони Ҳусайнӣ ва Аббосӣ ҳамвора барои эҳёи муносибатҳои марбут ба Аҳли байт (Алайҳумассалом) аз ҷумла ҳафтуми имом Ҳусайн (а) тамоми талоши худро мабзул доштаанд.
Вай идома дод: Дастаи азодории ходимони остони Ҳусайнӣ ва Аббосӣ бо марсия хонӣ ва убур аз Байнулҳарамайн, аз саҳни мутаҳҳари ҳарами ҳазрати Абалфазлил-Аббос (а) вориди ҳарами мутаҳҳари имом Ҳусайн (а) шуда ва дар он ҳарам маҷлиси сӯгворӣ баргузор карданд.
Фозил Аваз, мушовири тавлияти остони муқаддаси Ҳусайнӣ низ тасреҳ кард: Ходимони остонҳои Ҳусайнӣ ва Аббосӣ ҳамвора дар тӯли сол, дастаҳои азодориро дар муносибатҳои вижаи Аҳли байт (Алайҳимуссалом) барпо мекунанд ва дастаи азодории ахир ба манзури бузургдошти ҳафтуми имом Ҳусайн (а) барпо шуд. Ин ойини суннатӣ аз 20 сол пеш тавассути остонҳои Ҳусайнӣ ва Аббосӣ иҷро мешавад.
Дар идома тасовире аз ин маросимро мушоҳида мекунед: