IQNA

Мушорикати 250 ҳофиз дар ҳаштумин мусобиқаи миллии ҳифзи Қуръони Ироқ + акс

11:03 - July 28, 2024
рақами хабар: 1880
ИКНА - Ҳаштумин давраи мусобиқаи «Тарҳи миллии ҳифзи Қуръон» аз дирӯз, бо мушорикати 250 ҳофизи Қуръон аз устонҳои мухталифи Ироқ дар Карбалои Муалло оғоз шуд.

Ба гузориши ИКНА аз Ироқ, ин мусобиқа ба ҳиммати Дорул-Қуръони остони Ҳусайнӣ ва бо ҳамкории донишгоҳи духтаронаи «Аз-Заҳро (с)» Карбало баргузор мешавад ва ба муддати чаҳор рӯз идома дорад. 

Каррор Ал-Шамрӣ, масъули шӯъбаи расонаи қуръонии вобаста ба Дорул-Қуръони остони Ҳусайнӣ дар ин бора гуфт: Ин мусобиқа дар маҳалли Дорул-Қуръони остон ва донишгоҳи Аз-Заҳро (с) дар Карбало баргузор мешавад ва дар ойини ифтитоҳияи онки дирӯз баргузор шуд, шуморе аз шахсиятҳо ва нухбагони қуръонӣ ҳузур доштанд.

Вай афзуд: 250 ҳофизи Қуръон дар ду бахши бонувон ва оқоён дар ин мусобиқа ҳузур доранд, ки дар се бахши ҳифзи Комили Қуръон, ҳифзи 20 ҷузъ ва ҳифзи 10 ҷузъ ба рақобат мепардозанд.

Шайх Хайруддин Алӣ Ал-Ҳодӣ, раиси Дорул-Қуръони остони Ҳусайнӣ зимни суханоне дар маросими ифтитоҳияи ин мусобиқа, тавзеҳоте дар бораи мароҳили тарҳи миллии омӯзиши ҳифзи Қуръон аз сӯи Дорул-Қуръон дар саросари Ироқ ва эҳтимоми ин марказ ба фаъолиятҳои қуръонӣ дар ин кишвар ироа дод.

Зайнаб Ал-Малло Султонӣ, раиси донишгоҳи духтаронаи Аз-Заҳро (с) Карбало низ зимни суханоне дар ин маросим аз Дорул-Қуръони остони Ҳусайнӣ ба хотири ҳимоят аз ин фаъолиятҳои қуръонӣ тақдир кард.

Ёдоварӣ мешавад, тарҳи миллии омӯзиши ҳифзи Қуръон ба ҳиммати Дорул-Қуръони остони Ҳусайнӣ дар устонҳои мухталифи Ироқ иҷро мешавад ва токунун афроди зиёде дар қолаби ин тарҳ муваффақ ба ҳифзи комили Қуръон шудаанд.

https://iqna.ir/00Hk4P

captcha