IQNA

Интихоби асотиди барҷастаи Ал-Азҳар барои фаъолиятҳои қуръонӣ дар Тотористон

11:12 - July 28, 2024
рақами хабар: 1881
ИКНА - Вазири авқофи Миср аз кумак ва тасҳили интихоби барҷастатарин асотиди улуми қуръонӣ барои нигориши Қуръони Карим дар Тотористон хабар дод. 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Асома Ал-Азҳарӣ, вазири авқофи Миср, қавли мусоид барои интихоби моҳиртарин асотиди улуми қуръонӣ дар донишгоҳи Ал-Азҳарро барои кумак ба нигориши Қуръон дар ҷумҳурии Тотористон дод.

Асома Ал-Азҳарӣ, вазири авқофи Миср бо шайх Комил Самеуллоҳ муфтии аъзам ва раиси идораи динии мусулмонони Тотористон дар мақарри идораи мазҳабии мусулмонони Ҷумҳурии Тотористон дидор кард.

Ин дидор дар ҳошияи ширкати вазири авқоф дар панҷумин конфронси байналмилалии «ҶҶодаи маънавии абрешам; Аҳамияти арзишҳои динӣ дар минтақаи Евразияи бузург» анҷом шуд, ки тавассути идораи динии мусулмонони Федератсияи Русия ва бо ҳмкории донишгоҳи улуми инсонии Муҳаммад ибни Зиёд дар таърихи 25 ва 26 июл 2024 дар шаҳри Қазони ин кишвар баргузор шуд.

Ду тараф дар мавриди ҷанбаҳои ҳамкории муштарак ва нақши вазорати авқофи Миср дар густариши фарҳанги исломӣ дар Русия ва ҷаҳон гуфтугӯ карданд.

Вазири авқофи Миср бо таъкид бар ин матлаб, ки ин нишаст фурсати хубе барои табодули назар дар мавриди мавзӯъоти мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои исломӣ аст, дастур дод то китобҳои зиёде ба идораи динии мусулмонони Федератсияи Русия ирсол шавад.

Вай ҳамчунин қавли мусоид барои интихоби моҳиртарин асотиди улуми қуръонӣ дар донишгоҳи Ал-Азҳар барои кумак ба нигориши Қуръон дар Ҷумҳурии Тотористон дод, ки ба дархости раиси идораи динии мусулмонони Ҷумҳурии Тотористон анҷом мешавад.

Раиси идораи динии мусулмонон ва муфтии Ҷумҳурии Тотористон ҳам аз талошҳои илмӣ ва таблиғии вазири авқоф қадрдонӣ карданд ва аз ҳимоятҳои мустамарри давлати Миср ва вазорати авқофи ин кишвар дар тарвиҷи фарҳанги исломӣ, гуфтугӯҳои башардӯстона ва таҳкими арзишҳои сулҳталабона ташаккур кард.

https://iqna.ir/00Hk40

captcha