Ба гузориши ТоҷикПресс, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия гуфт, бо ташвиқи пайвастаи аъзои Конгресси Амрико барои Нетаняҳу, ки кӯдаконро мекушад, ҷаҳон бетафовутӣ ва нобудии худро нишон дод.
Эрдуғон илова кард, ки ташвиқи Нетаняҳу дар Амрико нишондиҳандаи бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба нақзи ҳуҳуқи башар аст.
Раисҷумҳури Турия гуфт, отдан касоне ба башарият хидмат кардаанд ташвиқ мешаванд, аммо Конгресси Амрико бо вуҷуди куштори беш аз 40 ҳазор кӯдак, зан ва пиронсоли фаластинӣ, як қотили наслкушро қаҳрамон нишон дод.
Эрдуғон фазуд, аъзои Конгресси Амрико ба ҳамаи дунё дарси озодӣ ва ҳуқуқи башар медиҳанд, вале бешармона гитлери замонаро ташвиқ карданд.
Ин суханони Эрдуғон нисбат ба амалкарди Конгресси Амрико дар ҳоле матраҳ мешавад, ки тайи 10 моҳи гузашта аз ҷанги Ғазза коршиносон ҳамеша ин интиқодро аз Эрдуғон доштаанд, ки раисҷумҳури Туркия танҳо дар лафз аз Фаластин ҳимоят карда ва дар амал равобити худ бо Исроилро қатъ накардааст.
Туркия то ҳол равобити тиҷории худ бо Исроилро қатъ накарда ва бар асоси гузоришҳо маводи мавриди ниёзи режими саҳюнистӣ ҳам аз тариқи баҳр ва ҳам аз тариқи кишварҳои сеюм тавассути кишвари Туркия таъмин мешавад.
https://tajikpress.com/2024/07/27/