IQNA

Баргузории конфронси вузарои авқофи кишварҳои ҷаҳони Ислом дар Макка

11:24 - July 28, 2024
рақами хабар: 1883
ИКНА - Конфронси вузарои авқофи кишварҳои исломӣ, сеюми августи оянда дар Маккаи Мукаррама баргузор мешавад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, нӯҳумин конфронси вузарои авқоф ва умури исломии кишварҳои ҷаҳони Ислом ва Шӯрои иҷроии он дар таърихи сеюми августи оянда дар Маккаи Мукаррама бо унвони «Нақши вазоратхонаҳои умури исломӣ ва авқоф дар тақвияти миёнаравӣ ва ниҳодинакардани арзишҳои мӯътадил» баргузор мешавад.

Вузарои авқоф ва умури исломӣ, муфтиҳо ва руасои Шӯроҳо ва анҷуманҳои исломӣ аз беш аз 60 кишвари ҷаҳон дар ин конфронси серӯза ширкат хоҳанд кард ва дар ҷараёни он, мавзӯъоти муртабити бо нақши вазоратхонаҳои умури исломӣ ва авқоф дар иртиқои эътидол ва миёнаравиро дар 10 ҷаласаи корӣ мавриди баҳс ва баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Дар ҷаласоти ин конфронс ба таҷдиди мафҳуми гуфтумони динӣ ва нақши он дар тарвиҷи усули эътидол ва таҳкими арзишҳои мубтанӣ бар миёнаравӣ, муқобила бо ифротгароӣ, таассуб ва терроризм ва аҳамияти ҳифозат дар баробари суханони нафратангез ва ифротгароӣ ва низ арзишҳои муштараки инсонӣ мубтанӣ бар мудоро ва ҳамзистӣ пардохта мешавад.

Дар ин конфронс ҳамчунин таҷрибиёти ироа шуда аз сӯи вазоратхонаҳои умури исломӣ ва авқоф дар хусуси мушаххасоти фаннӣ ва меъморӣ дар сохт ва нигаҳдории масоҷид, таъйини имоми ҷамоат, хатиб, муаззин ва мубаллиғ ва барномаҳои муҳаввала ба онҳо, хатари судури фатвои бидуни дониш ё тахассус ва таъсири инҳирофи ношӣ аз он бар рӯйкарди эътидол ва миёнаравӣ, тақвияти шаҳрвандӣ дар кишварҳои ҷаҳони Ислом, васоили иртиботии навин ва нақши вазоратхонаҳои умури исломӣ ва авқоф дар баҳрамандӣ аз он ва пешгирӣ аз хатароти он, хатароти илҳод ва роҳҳои муқобила бо он баррасӣ мешавад. 

Ин конфронс бо ҳадафи тақвияти ҳамбстагии исломӣ байни кишварҳои исломӣ, ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳои узв дар ҳавзаҳои авқоф ва умури исломӣ ва талош барои ислоҳи мафҳуми гуфтумони динии мутобиқ бо Қуръон баргузор мешавад.

https://iqna.ir/00Hk47

captcha