IQNA

Реҳлати Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад дар зиндон

11:30 - July 28, 2024
рақами хабар: 1884
ИКНА - Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, яке аз собиқадорон ва раҳбарони ҲНИТ дар синни 65 дар маҳбас вафот кардааст.

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, яке аз собиқадорон ва раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), рӯзи 26 июли соли 2024 дар синни 65 дар маҳбас вафот кардааст. Бино ба иттилооти дарёфтӣ, қабл аз вафоташ ҳарду пои Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ба далели хуруҷи бемории қандаш аз кор монда буд.

Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад моҳи сентябри соли 2015 ҳамроҳ 12 тан аз раҳбарон ва фаъолони дигари ҲНИТ дастгир ва ба 23 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ чанд соли аввали ҳукмашро дар маҳбаси №1 дар канори боздоштгоҳи №1 шаҳри Душанбе сипарӣ карда, баъди бунёди маҳбаси нав дар канори шаҳри Ваҳдат ба онҷо кӯчонда шуд.

Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад аз бемории қанд азият мекашид ва дар баҳори соли 2023 ба ин далел ӯро як муддат барои табобат аз бемористони зиндон ба пойтахт, ба  Маркази тиббии “Шифобахш” (бемористони Қарияи Боло)  интиқол дода буданд.

Баъди анҷоми табобат Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад дигарбора ба маҳбаси нави Ваҳдат оварда шуд ва дар бемористони маҳбас таҳти муоинаи табибон қарор дошт.

Раҳбарони ҲНИТ, ки ҳоло дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият доранд, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ва боқӣ аъзои зиндонишудаи ҳизби наҳзатро маҳбусони сиёсӣ унвон карда, мегӯянд, ки онҳоро беасос ва бо далелҳои сирф сиёсӣ маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон кардаанд. ҲНИТ ва дигар ташаккулҳои мухолифини тоҷик ҳамин тавр, чандин бор аз маҳрум будани маҳбусони сиёсӣ, бо шумули Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, аз дастрасӣ ба нигоҳубини тиббии лозим изҳори нигаронӣ карда, аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ тақозо мекарданд, то нисбат ба сарнавишти ин маҳбусон бетаваҷҷуҳ набошанд, зеро ба ҳаёт ва саломатии онҳо, бино ба таъкиди ҳамсафонаш, ба далели набуди нигоҳубини тиббӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон хатари ҷиддӣ, аз ҷумла хатари марг таҳдид мекунад.

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад соли 1959 дар ноҳияи Ховалинг дар оилаи рӯҳонӣ таваллуд шудааст. Ӯ маълумоти ибтидоии диниро назди падараш ва сипас дар назди дигар донишмандони давр, аз ҷумла Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ гирифтааст.

Дар аввали солҳои 90-ум имом-хатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Панҷ буд. Дар ҳамон оғози солҳои 90 буд, ки Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ба саффи ҲНИТ пайваст ва ба яке аз ёрони наздики асосгузор ин ҳизб ва раҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ табдил ёфт. Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад узви Комиссияи оштии миллӣ ва аз соли 1999 то замони боздошташ дар соли 2015 раиси комиссияи ҳисоботии ҲНИТ буд. Ӯ ҳамчунин узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии ҲНИТ буд.

Ӯ оиладор ва падари 7 фарзанд буд. Як духтари Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ба Қорӣ Муҳаммадҷони Нурӣ, фарзанди Саид Абдуллоҳи Нурӣ издивоҷ кардааст. Муҳаммадҷони Нурӣ ҳамроҳи аҳли хонаводааш чандин сол боз дар Аврупо ба сар мебарад.

Паёми таслияти раёсати олии ҲНИТ

Паёми таслияти раёсати олии ҲНИТ ба муносибати даргузашти Мавлавӣ Муҳаммадалӣ ба шарҳе зер аст:
Инак боз як ситораи дурахшони илму маърифат фазои маънавии кишвари моро тарк гуфт.
Хабар расид, ки инсони шарифу донишманди тавоно ва зиндонии сиёсӣ, собиқ узви Комиссияи Оштии Миллӣ ва узви Раёсати Олии ҲНИТ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад маъруф бо тахаллуси Мавлавӣ Муҳаммадалӣ дар яке аз зиндонҳои махуфи режими Раҳмон дар Душанбе ҷоми шаҳодат нушидааст.
Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад 3 юми январи соли 1959 дар деҳаи Сурхои ноҳияи Ховалинг, дар хонаводаи руҳонӣ ба дунё омадааст.
Ӯ яке аз камшумортарин олимони улуми динӣ дар Тоҷикистон аст, ки улуми диниро аз олимони замони худ Қорӣ Муҳаммадҷони Қӯқандӣ маъруф ба Ҳиндустонӣ, домулло Саидраҳмони Қурғанӣ ва домулло Саидраҳмони Душанбегӣ фаро гирифта, дар улуми исломӣ мисли сарфу наҳв, фасоҳат ва балоғат, мантиқ, таърих, фиқҳ, усули фиқҳ, тафсир ва ҳадис яке аз олимони барҷастаи замони мо шинохта мешуд.
Эшон солҳои 90-ум ба ҲНИТ пайваста, раиси Комиссияи тафтишотии ҲНИТ ва ҳамчунин узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии ин ҳизб буд.
Мавлавӣ дар КОМ узви зеркомиссия оид ба муҳоҷирин кору фаъолият намуда барои ҷобаҷо кардани муҳоҷирон ва истиқрори сулҳу субот дар кишвар заҳматҳои зиёде кашида, дар таърихи 18 августи соли 1998 бо ордени “Дӯстӣ” мукофотонида шуд.
Аммо дар соли 2015 ҳамроҳ бо дигар аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ зиндонӣ гардид ва инак дар зиндон ҷоми шаҳодат нушид ва ба дидори парвардигораш шитофт.
Раёсати Олии ҲНИТ бо қалби пур аз андӯҳ ва лабрез аз муҳаббат, зимни ибрози таслият барои марҳум аз даргоҳи Худованд биҳишти ҷовидон ва барои пайвандону муридону мухлисони эшон сабри ҷамил хоҳон аст!
Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун!
Раёсати Олии ҲНИТ
26. 07. 2024

captcha