IQNA

Оғози намоиши азамати тамаддуни кишварҳои ҳавзаи муқовимат дар бурҷи Мелод

21:30 - July 28, 2024
рақами хабар: 1890
ИКНА - Маҷмӯаи сарзамини тамаддунҳо бо меҳвари намоиши тамаддунии кишварҳои Фаластин, Лубнон, Сурия, Ироқ, Яман ва Эрон дар бурҷи Мелод ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши хабарнигори ИКНА, «Тарҳи сарзамини тамаддунҳо» дар қолаби декори таърихӣ, оин, таърих, одоб ва русум ва намодҳои кишварҳои ҳавзаи муқовимати Фаластин, Лубнон, Сурия, Ироқ, Яман ва Эрон, рӯзи шанбе шашум дар поркинги шумораи 3 бурҷи Мелод ва дар фазои боз бо густараи 15 ҳазор метри мураббаъ ифтитоҳ шуд.

Иҷроҳои мухталифи фарҳангӣ ва ҳунарӣ монанди утоқи тасвир, утоқи намоиш, зиёрати маҷозӣ ҳарами имом Ризо (а), имом Ҳусайн (а) ва ҳазрати Зайнаб (с), намоишҳои муҳити ҳунармандони театри кишвар, намоишҳои донишҷӯёни амрикоӣ ҳомии Фаластин дар атрофи декори Масҷидул-Ақсо, иҷрои мусиқиҳои маҳаллӣ, сӯҳбат бо сухангӯи Ҳамос бо такя бар ҳуши маснуӣ ва ... аз ҷумла бахшҳои ин тарҳ аст.

Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ декори Масҷидул-Ақсо шабеҳсозӣ шудааст ва ҳамзамон бо иҷрои тарҳи сарзамини тамаддунҳо, кансерт - намоиш оинӣ ва мазҳабии «сӯгвораи манзумаи Хуршед» ба коргардонии Саид Исмоилӣ ва таҳиякунндагии Алиризо Кӯҳфар низ ба муддати 10 шаб иҷро мешавад. 

Дар маросими ифтитоҳияи ин намоишгоҳ ва пас аз иқомаи намози ҷамоат дар Масҷидул-Ақсо ва қироати саломи хоссаи имом Ризо (а) тавассути ходимони он ҳазрат, ки парчами мутаҳҳари остони мубораки имом Ризо (а)-ро низ ҳамроҳ доштанд, Алирзо Зоконӣ, шаҳрдори Теҳрон ба ҳамроҳи ҷамъе аз масъулони шаҳрдории Теҳрон, аъзои Шӯрои шаҳри Теҳрон, Ҷамила Аламулҳудо, ҳамсари раисҷумҳури шаҳид, хонаводаи шаҳид Амирабдуллҳиён ва меҳмонони хориҷӣ аз Яман, Ироқ, Сурия, Бразилия, Боливия ва ... аз намоишгоҳи сарзамини тамаддунҳо боздид карданд.

Ёдовар мешавад, Сарзамини тамаддунҳо ҳама рӯза аз соати 18 то 23 пазирои алоқамандон аст.

https://iqna.ir/fa/news/4228633

captcha