Ба гузориши ИКНА, вебинари байналмилалии «Хонаводаи мутаолӣ ва чолишҳои мудернита» ба ҳиммати хабаргузории ИКНА ва бо ҳамкории муованати умури занон ва хонаводаи риёсатҷумҳурӣ бо ҳадафи баррасии зарурати ташкили ҷунбиши ҷаҳонии хонаводаи мутааҳҳид рӯзи шанбе баргузор шуд.
Доктор Унсия Хазъалӣ, муовини раисҷумҳур дар умури занон ва хонавода ва доктор Марям Ардабилӣ, мушовири шаҳрдор ва мудири кулли занон ва хонаводаи шаҳрдории Теҳрон меҳмонони ҳузурӣ дар ин вебинар буданд, ки бо мавзӯъи «Зисти афифона; Ваҷҳи муштараки адён» ва «Чароии лузуми ҷунбиши ҷаҳонии хонаводаи мутааҳҳид» ба баёни дидгоҳҳои худ пардохтанд.
Дар ин вебинар Маъсума Ҷаъфарӣ, мудири ҳавзаи илмияи Ҷомеатуз-Заҳро (с) Покистон дар бораи мавзӯъи «Нақши занон дар тарвиҷи ҳанҷорҳои хонаводаи фитрӣ ва илоҳӣ ва зарурати ташкили хонавода» сухан гуфт.
Зан дар оинаи оёти Қуръони Карим ва ривоёт
Мудири ҳавзаи илмияи Ҷомеатуз-Заҳро(с)-и Покистон таъкид кард: ба назари ман бо ифтихор метавон гуфт аввалин намуд ва вижагии хосси зан илова бар тарбияти фарзанд дар муҳити хонавода аз нигоҳи Қуръон оромишбахш будани вуҷуди зан аст, ки дар сураи муборакаи Рум оятм 21 Худованди таборк ва таоло мефармояд: «وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُمْ مِنْ أَنْفُسِكُمْ أَزْوَاجًا لِتَسْكُنُوا إِلَيْهَا "Ва аз нишонаҳои [қудрат ва рбубияти] Ӯ ин аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид то дар канорашон оромиш ёбед". Ҳамчунин дар сураи муборакаи Аъроф ба зебоӣ дар ояти 189 هُوَ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَجَعَلَ مِنْهَا زَوْجَهَا لِيَسْكُنَ إِلَيْهَا: Ӯ касе аст, ки шуморо аз як тан офарид, ва ҳамсарашро аз ӯ падид овард то дар канораш оромиш ёбед". лизо мебинем, ки Худованд занро халқ кард, ки боиси оромиш барои ҳамсар, хонавода ва фарзандон аст. Худованд ба зан ҷойгоҳе воло ва қудрати илоҳӣ додааст, ки боиси эҷоди оромиш дар хона мешавад.
Ба гуфтаи ӯ аз сӯе нақши бисёр азими дигаре, ки дар Ислом Худованд барои он аҳамияти бисёре қоил шудааст, фарзандоварӣ аст масъалаи бақои насл аст, ки дар Қуръон дар ояти 223 сураи муборакаи Бақара омадааст: نِسَاؤُكُمْ حَرْثٌ لَكُمْ فَأْتُوا حَرْثَكُمْ أَنَّى شِئْتُمْ ва оятуллоҳ Таботабоӣ дар тафсири худ ба зебоӣ ба он ишора кардааст, ки нисбати занон ба як ҷомеаи исломӣ нисбати киштзор аст ба кишткор. Киштзор барои бақои базр лозим аст ва лизо вуҷуди зан барои бақои ҷомеа лозим аст ва агар зан набошад инсоният ва фитрати поки инсон низ нахоҳад буд.
Ҳамчунин дар сураи муборакаи Наҳл ояти 72 омадааст: وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُم مِّنۡ أَنفُسِكُمۡ أَزۡوَٰجا وَجَعَلَ لَكُم مِّن أَزوَجِكُم بَنِينَ وَحَفَدَ: Худо аз [ҷинси] худатон барои шумо ҳамсароне қарор дод ва аз ҳамсаронатон барои шумо писарон ва наводгоне қарор дод.
Мудири ҳавзаи илмияи Ҷомеатуз-Заҳро (с)-и Покистон дар поён таъкид кард: лизо метавон гуфт зан шарики кори Худо, нақши Худо дар тарбияти инсонҳо ва касе аст, ки рамзи бақои инсон дар дунё аст ва мақоми волое, ки Худованд дар Ислом аҳамияти зиёде ба он дода, мақоми модарӣ аст, ки симои инсонӣ, илоҳӣ ва раҳмонӣ ба занон дода шудааст ва мақом ва манзилати зебое аст, ки дар оёт ва ривояот ба он бисёр ишора шудааст. Лизо ба сурати куллӣ агар бигӯем зан дар хонаводаи аслӣ дорои ҷойгоҳи волое аст ва метавонад бо ифои нақши ҳамсарӣ ва барқарории оромиш дар муҳити хонавода ва ҳамчунин бо ифои нақши модарӣ ва парвариши насли солим ва тарбияти илоҳӣ ва исломӣ фарзандон дар масири илоҳӣ нақши азиме дар рушд ва таолои хонавода ва ҷомеа дошта бошад. Аз ин руст, ки Аллома Иқболи Лоҳурӣ дар шеъре ҷойгоҳи занро чунин тавсиф кардааст:
Вуҷуди зан ранги тасвири коинот аст.