Ба гузориши хабаргузории Axios, бо ташдиди танишҳо миёни режими палоид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ба далели ҳодисаи Маҷдуш-Шамс, акнун мақомоти Вашингтон ба Телавив дар ин бора ҳушдор доданд.
Бар ин асос, як мақоми саҳюнистӣ ва як мақоми амрикоии огоҳ, ки нахостанд номашон фош шавад эълом карданд: давлати Ҷо Байден ба Исроил ҳушдор додааст ҳадаф қарор додани мавозеи Ҳизбуллоҳ дар Бейрут дар посух ба ҳамлаи ракитӣ ба баландиҳои Ҷавалон метавонад боиси аз контрол хориҷ шудани шароит шавад.
Мақомоти амрикоӣ мегӯяанд ҳамла ба Бейрут хатти қирмизи Ҳизбуллоҳ маҳсуб мешавад ва ин мавзӯъ метавонад боиси истифодаи ин ҷунбиш аз мушакҳои дурбурд барои ҳадаф қарор додани аҳдофе дар умқи хоки сарзаминҳои ишғолӣ шавад.
Вашингтон аз Телавив хостааст ҳамлаи худ ба Лубнонро маҳдуд карда ва аз ташдиди танишҳо иҷтиноб кунад.
Абдуллоҳ Буҳабиб, вазири хориҷаи Лубнон пештар аз дархости мушобеҳи Амрико аз Бейрут барои посухи маҳдуди Ҳизбуллоҳи Лубнон ба ҳамлаи эҳтимолии режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба ин кишвар хабар дода буд.
Бо ин вуҷуд, Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳушдор додааст ба ҳаргуна таҷовузи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ бо қудрат посух хоҳад дод.
https://tajikpress.com/2024/07/29/