Ба гузориши Раъюл-Явм, Ал-Азҳари Миср бо судури баёнияе саҳнаҳои иҳонатомез ба ҳазрати Масеҳ Алайҳиссалом дар ифтитоҳияи бозиҳои Олимпиадаи Парижро маҳкум кард.
Дар идомаи ин баёния омадааст: Мо иҳонат ба ҳеҷ Паёмбаре аз Паёмбарони Худоро намепазирем ва нисбат ба хатари сӯиистифода аз муносибатҳои ҷаҳонӣ барои оддисозии иҳонат ба адён ҳушдор медиҳем.
Ал-Азҳар эълом кард: Ин маросим ҳазрати Исои Масеҳ (а), аз Анбиёи бузурги илоҳиро густохона мавриди тамасхур қарор дода ва ба эҳсосоти мӯътақидон ба адён ва ахлоқ ва арзишҳои волои инсонӣ беэҳтиромӣ кардааст.
Ал-Азҳар бар маҳкумияти доимии ҳаргуна талош барои тавҳин ба ҳар як аз Паёмбарони Худо таъкид ва эълом кард Паёмбарон ва Расулон, беҳтарин махлуқоти Худо ҳастанд, ки ӯ онҳоро баргузид ва онҳоро бар бақияи махлуқоти худ тарҷеҳ дод то битавонанд паёми хайрро барои ҷаҳониён мунтақил кунанд.
Дар баёнияи Ал-Азҳар омадааст: Ал-Азҳар ва наздик ба ду миллиард мусулмон мӯътақиданд, ки ҳазрати Исои Масеҳ (а) фиристодаи Худо аст ва иҳонат ба ӯ ва ё ҳар як аз Паёмбарон мояи нанги омилони ин тавҳини шанеъ аст.
Ал-Азҳар дар бораи хатари сӯиистифода аз рӯйдодҳои ҷаҳонӣ барои оддисозии тавҳин ба дин ва тарвиҷи бемориҳои мухарриб ва шармовари иҷтимоӣ монанди ҳамҷинсгароӣ ва дигарбошии ҷинсӣ ҳушдор дод ва хостори лузуми иттиҳод барои муқобила бо ин раванди инҳирофӣ ва таҳқиромез шуд.
Ал-Азҳар афзуд: Ҳадафи ин ҷараёни инҳирофиро ҳазфи дин ва муқаддас кардани амёли ҷинсӣ аст, ки боиси шуюи бемориҳои беҳдоштӣ ва ахлоқӣ мешавад, сабки зиндагии ҳайвониро тарвиҷ мекунад, ки бо фитрати солими инсонӣ дар тазод аст ва дар садади оддисозии он ва таҳмили он ба ҷавомеъ ба ҳар васила ва абзоре аст.
Лозим ба зикр аст, ки дар ин маросим, бозсозии тавҳиномез аз деворнигораи «Леонардо Давинчи» маъруф ба шоми охири ҳазрати Исои Масеҳ (а) бо истифода аз аносури ҳамҷинсгаро ва ба сурати иҳонатомез ба ин Паёмбари илоҳӣ ва дин масеҳият ба рӯи саҳна рафт, ки бо интиқоди мардум ва ҷавомеи дигар дар саросари ҷаҳон мувоҷеҳ шуд.
https://iqna.ir/00Hk7C