IQNA

Боздиди миллионии гардишгарони хориҷӣ аз севумин масҷиди бузурги ҷаҳон

21:45 - July 29, 2024
рақами хабар: 1894
ИКНА - Маркази фарҳангии масҷиди ҷомеи шайх Зоид Абудабӣ, севумин масҷиди бузурги дунё эълом кард дар нимаи нахусти имсол беш аз чаҳор миллион ва 370 ҳазор нафар аз ин масҷид боздид кардаанд, ки 81 дарсади онҳо гардишгарони хориҷӣ будаанд.

Ба гузориши Ал-Ахбор, маркази масҷиди ҷомеи шайх Зоид Абудабӣ дар нимаи нахусти имсол пазирои 4 миллион ва 379 ҳазор ва 258 боздидкуннда буда, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 31 дарсад афзоиш доштааст.

Ин теъдод шомили як миллион ва 765 ҳазор ва 698 намозгузори мард ва зан ва 2 миллион ва 584 ҳазор ва 425 боздидкуннда буда ҳамчунин 29 ҳазор нафар аз масири пиёдаравии ин масҷид истифода кардаанд.

Теъдоди намозгузорони ҷумъа дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба 149 ҳазор ва 666 намозгузор расид, ин дар ҳоле аст, ки теъдоди касоне, ки намозҳои явмияро дар масҷид иқома карданд ба 348 ҳазор ва 573 намозгузор расид. 

27 рамазони соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ бо 5 апрели имсол шоҳиди бештарин теъдоди намозгузорон дар масҷид буд, ба тавре, ки 87186 намозгузор дар масҷид ба иқомаи намоз пардохтанд, ки аз ин теъдод 70680 намозгузор маросими шаби 27 рамазонро баргузор карданд.

Ин марказ дар қолаби тарҳи «Меҳмонони рӯзадори мо», барои таҳияи ду миллион ва 150 ҳазор ваъдаи ифторӣ иқдом кард, ки аз ин теъдод 650 ҳазор ваъдаи ғизо барои ифторкунандагон дар дохили масҷид таҳия ва як миллион ва 500 ҳазор ғизо дар манотиқи дигар тавзеъ шуд. Ин марказ ҳамчунин 30 ҳазор ваъдаи саҳарӣ дар 10 рӯзи поёнии моҳи мубораки Рамазон тавзеъ кард.

Ин марказ ҷойгоҳи худро дар нақшаи гардишгарии фарҳангии ҷаҳонӣ тақвият кардааст зеро 81 дарсад аз боздидкунндагони масҷидро гардишгарони хориҷ аз кишвар ва 19 дарсадро сокинони кишвар ташкил медиҳанд.

Дар ин муддат, шаҳрвандони Қорраи Осиё дар садри феҳристи боздидкунндагон аз масҷид қарор доштанд, ба тавре, ки омори боздидкунндагони осиёӣ аз масҷид ба 52 дарсад расидааст, пас аз он Қорраи Аврупо бо 34 дарсад ва сипас Қорраи Амрикои Шимолӣ бо 7 дарсад, Қорраи Африқо ва Қорраи Амрикои Ҷанубӣ ҳар кадом бо 3 дарсад ва пас аз он Австралия бо 1 дарсад қарор дорад.

https://iqna.ir/00Hk6C

captcha