IQNA

Раҳбари олии Эрон дар дидори Ҳания ва Ан-Нахола: Ғазза шукӯҳи муқовимат аст

15:33 - July 30, 2024
рақами хабар: 1899
ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Эрон дар дидори раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва дабири кулли ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин таъкид карданд: Омили аслии азамат ва шукӯҳи муқовимат мардуми Ғазза ва сокинони он ҳастанд ва умедворем миллати Фаластин ва неруҳои муқовимат машмули кумак ва ҳимоят ва бишоратҳои илоҳӣ бошанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Инқилоби Исломии Эрон пеш аз зуҳри имрӯз (сешанбе) дар дидори оқоён Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва Зиёд Ан-Нахола дабири кулли ҷиҳоди исломии Фаластин, бо таҷлил аз истодагӣ ва муқовимати камназири мардуми мазлуми Ғазза, таъкид карданд: Имрӯз баландтарин парчами Ислом дар дасти миллати Фаластин ва мардуми Ғазза аст ва ба баракати ин муқовимат заминаи тарвиҷи беш аз пеши Ислом фароҳам омадааст.

Раҳбари олии Инқилоби Исломии Эрон яке аз дағдағаҳои ҳамешагии мутафаккирини Исломиро чигунагии тарвиҷи Ислом ва ироаи як улгу аз ҷомеаи исломӣ баршумурданд ва афзуданд: Гароиши рӯзафзун ба Ислом дар мақтаъи феълӣ нишондиҳандаи азамати истодагии миллати Фаластин ва мардуми Ғазза аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Эрон, таъкид карданд: Омили аслии азамат ва шукӯҳи муқовимат, мардуми Ғазза ва сокинони соҳили ғарбӣ ҳастанд ва умедворем миллати Фаластин ва неруҳои муқовимат мшмули кумак ва ҳимоят ва бишоратҳои илоҳӣ бошанд.

Дар ин дидор оқои Исмоил Ҳания бо табрики интихоби раисҷумҳури ҷадиди Эрон, баргузории интихоботи ахирро ҷилвае аз мардумсолорӣ бар мабнои тафаккури исломӣ донист ва бо ишора ба дидори худ бо оқои Пизишкиён гуфт: Мо дар ин дидор бори дигар шоҳиди мавозеъи хуб ва мустаҳками Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи мавзӯъи Фаластин ва ҷараёни муқовимат будем ва аз ин мавозеъ эҳсоси ифтихор кардем.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос бо ташреҳи охирин вазъияти майдонӣ ва сиёсӣ дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ, гуфт: Дирӯз сесадумин рӯзи ҷанги Ғазза буд ва акнун ба марҳалаи ҳассос ва таърихӣ расидаем, ки мардуми Фаластин ва неруҳои муқовимат бояд қаҳрамонӣ ва пирӯзии худро тасбит кунанд.

Дар ин дидор ҳамчунин оқои Зиёд Ан-Нахола дабири кулли ҷиҳоди исломии Фаластин бо табрики интихоби оқои Пизишикён раисҷумҳури ҷадид ва таҷлил аз мавозеъи вай дар ҳимоят аз Фаластин ва муқовимат гуфт: Ҳузури муштараки раҳбарони Ҳамос ва ҷиҳоди исломӣ дар дидори имрӯз нишонаи намодин аз ваҳдати неруҳои муқовимат дар Фаластин аст ва ба баракати ин ваҳдат, ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ миёни ҷабҳаи муқовимат дар минтақа низ дар беҳтарин ҳолат худи аст.

https://iqna.ir/00HkAe

 

captcha