IQNA

Ҳимоятгарони Фаластин; қаҳрамонҳои воқеии Бозиҳои Олимпиадаи Порис

5:10 - July 31, 2024
рақами хабар: 1901
Тайи рӯзҳои гузашта варзишгароне аз кишварҳои мухталиф дар Бозиҳои Олимпиадаи Порис нишон доданд, ки паҳлавони воқеӣ касе аст, ки аз мазлум дифоъ кунад ва ҳатто аз манфиъат ва ҷойгоҳе, ки солҳо барои ба даст оварданаш арақ рехтааст, даст мекашад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Фаластин беш аз 3 ҳазор километр аз Фаронса дур аст, аммо ин рӯзҳо номи Фаластин беш аз ҳарҷои дигаре дар қалби Бозиҳои Олимпиадаи Порис-2024 шунида ва ҳатто дида мешавад. Аз инсирофи варзишгари Алҷазоир барои рақобат бо намояндаи Исроил ва “Аллоҳу Акбар” гуфтани ҷудокори тоҷик дар ҷараёни рақобат бо намояндаи Исроил то эътироз бар варзишкорони исроилӣ дар бархе рақобатҳо ва варзишгоҳҳо, ҳамагӣ нишондиҳандаи зинда будани ёди Фаластин дар рӯйдодҳои ҷаҳонӣ ба вижа дар арсаҳои варзишӣ мебошад.

Вокунишҳои Варзишкорон дар баробари саҳюнистҳо дар Бозиҳои Олимпиадаи Порис

Корвони режими Исроил, ки сарбозон ва ҷинояткорони кӯдаккуши ‎худро ба номи варзишкор ба Бозиҳои Олимпиадаи Порис бурда ва ‎таҳти ҳимояти давлати Фаронса ва Кумитаи байналмилалии ‎Олимпиада қарор дорад ҳамчунон ба унвони манфуртарин корвони ‎ҳозир дар Порис шинохта мешавад. Рақобати ҷолибе байни ‎Варзишкорони мусулмони ҳозир дар Бозиҳои олимпӣ барои ‎мусобиқа надодан ва ба расмият нашинохтани аъзои ин корвон, ки ‎дар ҳақиқат ҳам набояд номи варзишкорро бар онҳо гузошт шакл ‎гирифтааст.‎

Инсирофи ҷудокори Алҷазоир аз дидор бо намояндаи Исроил

Ҷудокори Алҷазоир бо вазни минуси 73-кило ба хотири ҳимоят аз мардуми Фаластин аз дидор бо ҷудокори Исроил даст кашид.

Дар яке аз ин дидорҳо, ҷудокори алҷазоирӣ, Масъуд Ризвон Идрис, ки дар Бозиҳои Олимпиадаи Порис-2024 бо рақибаш аз режими саҳюнистӣ рӯбарӯ шуд, аз рақобат даст кашид. Ин варзишгари алҷазоирӣ ба хотири ҳимоят аз мардуми Фаластин ва бар зидди оддисозии равобит бо режими Исроил ин тасмимро гирифтааст.

Шиори Аллоҳу Акбари ҷудокори тоҷик дар ҷараёни рақобат бо намояндаи Исроил

Эмомалӣ Нуралӣ, ҷудокори тоҷик дар Бозиҳои Олимпиадаи Порис аз даст додан бо Борух Шмаилов, намояндаи режими Исроил худдорӣ кард.

Нуралӣ пеш аз баромадан аз татами ангушти ишораташро боло бардошта Аллоҳу Акбар гуфт.

код

Ҳимояти варзишкори зани эронӣ аз мардуми Фаластин

Зайнаби Наврӯзӣ, варзишгари қаиқронии Эрон барои тарафдории мардуми мазлуми Фаластин бо парчами якдилии Эрон ва Фаластин дар Бозиҳои Олимпиадаи Порис ҳозир шуд.

Дар ҳақиқат ҳам тамошочён ва ҳам Варзишкорони иштирокчӣ дар Бозиҳои Олимпиадаи Порис-2024, бо намоиши намодҳои ҳамбастагӣ, ирсоли паёмҳои ҳимоятӣ ва иштирок дар маъракаҳои иҷтимоӣ, ҳамбастагии худро бо варзишкорони фаластинӣ иброз мекунанд ва нишон медиҳанд, ки мавзуи Фаластин аз ёдҳо фаромӯшшуданӣ нест.

Иддаои ҷудоии варзиш аз сиёсат

Дар бозиҳои бузурги варзишӣ дар сатҳи ҷомҳои ҷаҳонӣ ва Олимпиада ҳамвора ин шиор шунида мешавад, ки “варзиш аз сиёсат ҷудост” ва ё “сиёсатзадагӣ дар варзиш маъно надорад”. Ин вожагони ҳуқуқи башарӣ дар қиболи Бозиҳои Олимпиадаи Порис-2024, ки акнун дар ҳоли баргузарӣ мебошад низ борҳо матраҳ шуда ва баргузоркунандагони мусобиқот муддаӣ шудаанд, ки набояд сиёсикорӣ анҷом шавад ва аз ин рӯ бо дархости бисёре аз кишварҳо ва ниҳодҳо барои ҳазфи режими Исроил аз бозиҳо мухолифат кардаанд. Ин рӯйкарди ба истилоҳ бетарафона дар шароите рӯй дода, ки даҳҳо маврид аз зиддиятҳои рафторӣ дар масаълаи ҷудоии варзиш аз сиёсатро дар ҳамин чанд рӯзи ахири бозиҳо метавон дид.

Дар як намуна дар ҳоле дархости ҷаҳонии ихроҷи режими Исроил бо иддаои ҷудоии варзиш аз сиёсат рад мешавад, ки дар ин бозиҳо тимҳои русӣ ҳаққи иштирок бо парчами кишварашонро надошта ва медолҳои онҳо низ шумориш намешавад. Ин суол акнун матраҳ аст, ки чигуна мешавад маҳрумияти Русия имконпазир бошад, аммо режими Исроил, ки даҳҳо ҳазор зану кӯдаки фаластиниро ба қатл расонда дар Бозиҳои Олимпиадаи Порис иштирок дода мешавад?!!

Намунаи дигар рафторҳои табъизомез ва сиёсатзадаи Фаронсаи мизбон дар баробари варзишкорони мусулмон аст. Дар ҳоле, ки бар асоси қавонини Кумитаи Олимпиада, иштирокчиён метавонанд бар асоси қоидаи динии худ дар бозиҳо ширкат дошта бошанд, Фаронса чандин варзишкорро ба далели доштани ҳиҷоб ҳазф кардааст. Рӯйкарде ки баргирифта аз зиддияти сарони ин кишвар бо Ислом ва мусулмонон аст.

Дар поён шояд битавон чунин гуфт, ки варзиш аз сиёсат ҷудост, аммо на барои ҳамаи мардум ва кишварҳо; варзиш барои қудратҳои ҷаҳонӣ имтиёз ва абзоре барои расидан ба аҳдофи сиёсиашон аст, дар ҳоле, ки дигар кишварҳо ҳақ надоранд заррае аз ин имтиёз истифода баранд.

https://tajikpress.com/2024/07/30/

captcha