Нахуствазири Қатар, Шайх Муҳамад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ имрӯз чаҳоршанбе дар бораи муваффақияти миёнҷигарии оянда байни Ҳамос ва Исроил баъд аз террори Исмоил Ҳания, раисдафтари сиёсии Ҳамос, иброз тардид кард.
Ӯ ки талошҳои мёнҷигронаи кишвараш дар музокироти оташбас ва озодии асирон байни Ҳамос ва режими саҳюнистиро ҳидоят мекунад, дар паёме дар Х навишт, “террорҳои сиёсӣ ва ҳадаф қарор додани мудовими ғайринизомиён дар Ғазза дар ҳоле, ки музокирот идома дорад, ин пурсишро матраҳ мекунад, замоне ки як тарафи музокиракунанда тарафи дигарро террор мекунад, читавр миёнҷигарӣ муваффақ мешавад? Барои сулҳ ба тарафҳои ҷиддӣ ниёз аст”.
Пештар Вазорати хориҷаи Қатар дар паёме дар сафҳаи расмии худ дар шабакаи иҷтимои Х, зимни маҳкум кардани террори шаҳид Ҳания, ин террорро “ҷинояти фоҷиабор, ташдиди хатарноки авзоъ ва нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ ва башардӯстона” тавсиф кард.
Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии Ҳамос бомдоди имрӯз дар иқдоми террористие, ба ҳамроҳи яке аз муҳофизони худ дар Теҳрон ба шаҳодат расид.
https://tajikpress.com/2024/07/31