Матни паёми Раҳбари инқилоби исломии Эрон ба ин шарҳ аст:
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун
Миллати азизи Эрон! Раҳбари шуҷоъ ва муҷоҳиди барҷастаи фаластинӣ ҷаноби оқои Исмоил Ҳания дар саҳаргоҳи дишаб ба лиоқуллоҳ пайваст ва ҷабҳаи азими муқовимат азодор шуд.
Режими саҳюнии ҷинояткору террорист, меҳмони азизи моро дар хонаи мо ба шаҳодат расонид ва моро доғдор кард, вале заминаи муҷозоти сахт барои худро низ фароҳам сохт.
Шаҳид Ҳания солҳо ҷони гиромиашро дар майдони муборизаи шарофатмандона бар сари даст гирифта ва омодаи шаҳодат буд, ӯ фарзандону касони худро дар ин роҳ тақдим карда буд. Ӯ аз шаҳид шудан дар роҳи Худо ва наҷоти бандагони Худо бок надошт, вале мо дар ин ҳодисаи талху сахт, ки дар ҳарими Ҷумҳурии исломӣ иттифоқ афтодааст, хунхоҳии ӯро вазифаи худ медонем.
Инҷониб ба уммати исломӣ, ба ҷабҳаи муқовимат, ба миллати шуҷоъ ва сарафрози Фаластин ва билхусус ба хонадону бозмондагони шаҳид Ҳания ва яке аз ҳамроҳонаш, ки бо вай ба шаҳодат расидааст, таслият арз мекунам ва улувви дараҷоти ононро аз Худованди мутаъоли масъалат менамоям.
Сайид Алии Хоманаӣ
10 мурдоди 1403
Мусодиф бо 25 муҳаррами 1446
31-07-2024
https://tajikpress.com/2024/07/31/