Дар пайи шаҳодати ин марди муҷоҳид ва муборизи фаластинӣ, расонаҳои ҷаҳон ба ин иттифоқи талх, вокуниш нишон дода онро ба шиддат маҳкум карданд ва хостори муҷозоти қотилон он шуданд.
Дар ҳамин робита, "Лин Ҷиён" сухангӯи вазорати хориҷаи Чин эълом кард, ки Пекин террор ва шаҳодати "Исмоил Ҳания" раиси ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос)-ро шадидан маҳкум мекунад.
Вай дар инбора гуфт: «Мо ба ин ҳодиса таваҷҷуҳи бештаре мекунем; Мо шадидан бо ин қатл мухолиф ҳастем ва маҳкум мекунем ва амиқан нигарон ҳастем, ки ин ҳодиса мунҷар ба бесуботии бештари авзоъ дар минтақа шавад».
Дмитрий Песков, сухангӯи Керемл низ имрӯз (чаҳоршанбе) террори Исмоил Ҳания, раис дафтари сиёсии Ҳамосро дар Теҳрон қавиян маҳкум кард.
Дмитрий Песков, дар инбора гуфт: Мӯътақидем, ки чунин иқдомоте алайҳи талошҳо дар ростои эҳёи сулҳ дар минтақа сурат гирифтааст ва метавонад шароити пуртаниши кунуниро ба таври чашмгире бесубот кунад.
Дар ҳамин робита Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия эълом кард, ки «террори ноҷвонмрдонаи Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар Теҳронро ба шиддат маҳкум мекунам.»
Вай таъкид кард, ки «ҳадаф аз ин террори ҳақирона, таътилӣ ва ҳазфи қазияи Фаластин, муқовимати шукӯҳманди Ғазза ва муборизаи одилонаи миллати Фаластин ва тазъифи рӯҳия ва эҷоди тарс ва ваҳшат дар миёни онон аст.»
Раҷаб Тайиб Эрдуғон афзуд, ки ҳадаф аз террори Исломил Ҳания, ҳамон ҳадафе аст, ки душман аз террори шаҳид шайх Аҳмад Ёсин, Абдулазиз Рентисӣ ва бисёре дигар аз шахсиятҳои сиёсӣ дар Ғазза думбол мекард, аммо ҷиноёти режими саҳюнистҳо токунун ҳаргиз ба таҳаққуқи ин аҳдоф мунҷар нашудааст.
Гуфтанӣ аст, кишварҳои Миср ва Ироқ ва Уммон ва Покистон дар баёнияҳои ҷудогонае иқдоми террористии режими палоид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар ба шаҳодат расондани Исмоил Ҳанияро ба шиддат маҳкум карданд.
Ба гузориши манобеи хабаргузорӣ, давлати Ироқ бо судури баёнияе террори шаҳид Исмоил Ҳания раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамосро таҷовузи хатарнок ва таҳдиде барои амнияти минтақа баршумурд.
Дар ин баёния аз ҷомеа ҷаҳонӣ хоста шудааст, ки иқдомоти лозим барои таваққуфи таҷовуз ба тамомияти арзиро дар дастури кори худ қарор диҳад.
Вазорати хориҷаи Миср низ сиёсати таниш офарини режими саҳюнистӣ тайи ду рӯзи гузаштаро маҳкум карда ва нисбат ба саранҷоми шувми сиёсати террор ва нақзи тамомияти арзии кишварҳо ҳушдор дод.
Дар баёнияи вазорати хориҷаи Миср омадааст, ки таниш офаринии хатарнок метавонад даргириҳо дар минтақаро шӯълавар карда ва авоқиби амниятии вахиме барои минтақа дошта бошад.
Вазорати хориҷаи Покистон низ бо судури баёнияе террори шаҳид Исмоил Ҳания раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамосро маҳкум кард.
Дар баёнияи вазорати хориҷаи Покистон омадааст: Мо моҷароҷӯиҳои рӯзафзуни режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар минтақаро бо нигаронии амиқи думбол мекунем.
Вазорати хориҷаи Султон нишини Уммон низ бо судури баёнияе террори раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамосро маҳкум кард.
Вазири хориҷаи Алҷазоир имрӯз чаҳоршанбе ба ҳодисаи шаҳодати Исмоил Ҳания раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати Фаластин Ҳамос вокуниш нишон дод.
Аҳмад Атоф, вазири умури хориҷаи Алҷазоир бо баргузории конфронси матбуотӣ дар пойтахти ин кишвар дар ин хусус гуфт: Террори Исмоил Ҳанияро қавиян маҳкум мекунем.
Ин мақоми алҷазоирӣ идома дод: Ин як рӯйдоди ғамангез аст.
Лозим ба зикр аст, Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, ки рӯзи гузашта барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Масъуди Пизишкиён раисҷумҳури Эрон ба ин кишвар сафар карда буд, бомдоди имрӯз чоҳоршанбе 31.07.2024 дар маҳалли иқоматаш дар Теҳрон Террор шуд ва ба ҳамроҳи яке аз муҳофизонаш ба шаҳодат расид.
https://tajikpress.com/2024/07/31/