Ин ҷинояти палид ва ноқизи қавонини байналмилалӣ ва инсонӣ ва ғайри қобили қабули режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнстӣ ба мавозеи Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ҳамос дар Бейрут ва Теҳрон, ки мунҷар ба шаҳодати фармондаҳони Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос шуд ба маънои иҷтиноб нопазирии таҳкими суфуфи муқовимати зидди исроилӣ дар ҷаҳон хоҳад буд ва чунин иқдомоте бар хилофи талошҳо барои бозгардондани сулҳу амният дар минтақа аст. Ва ин террон бо ҳадафи муқобила бо талошҳо барои барқарории сулҳ дар минтақа анҷом мешавад ва илова бар ин, метавонад ба таври қобили таваҷҷуҳе вазъияти минтақаро бесубот кунад, чароки Исмоил Ҳания музокирҳкунандаи аршади Ҳамос дар музокироти бар сари оташбас ва поёни ҷанги Ғазза буд ва террори ӯ дар ин замон ба сароҳат нишон медиҳад, ки режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ идома ва ташдиди ҷангро ба оташбас ва сулҳ тарҷеҳ медиҳад.
Ин, як террор ва қатли сиёсии мутлақан ғайри қобилиқбул аст ва ба ташдиди беш аз пеши танишҳо мунҷар хоҳад шуд ва ин террори буздилона ва ноҷавонмардона нишон медиҳад давлати Нетаняҳу дар Исроил ба ҳеҷ унвон қасди дастёбӣ ба сулҳро надорад ва агар ҷомеаи байналмилалӣ барои мутаваққиф кардани режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил иқдом накунад, минтақа шоҳид ҷангҳои бисёр бузургтаре хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, фармондеҳи шаҳид, устод Исмоил Ҳания аз раҳбарони бузурги муқовимат дар бурҳаи кунунӣ буд, ки бо шуҷоати тамом дар баробари ҷингоёт ва куштори амрикоӣ ва ишғолгаронаи режими саҳюнистӣ истод ва ҷони худро дар майдони муборизае шарофатмандона бар сари даст гирифта ва омодаи шаҳодат буд ва фарзандон ва касони худро дар ин роҳ тақдим карда буд. Ӯ аз шаҳид шудани дар роҳи Худо ва наҷоти бандагони Худо аз чанголи режими хуношоми саҳюнистӣ ва амрикоӣ тарс ва ҳаросе надошт.
Ҳудуди соати 2 бомдоди дирӯз, буд, ки “Исмоил Абдусслом Аҳмад Ҳания”, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос, дар Теҳрон террор шуд. Шаҳид Исмоил Ҳания, ки барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Масъуди Пизишикён, раисҷумҳури ҷадиди Эрон, ба Теҳрон сафар карда буд, дар иқоматгоҳи худ ба шаҳодат расид. Ҷузъиёти ин ҳодиса ҳанӯз ба сурати расмӣ мунташир нашуда, аммо ончи пурвозеҳ аст ин аст, ки бо вуҷуди сукути қаблӣ ва акнун такзиби мақомоти режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ, ин режим ба марзҳои Эрон тааддӣ карда ва муртакиби ҷинояти бузург дар Теҳрон шудааст.
https://tajikpress.com/2024/08/01