IQNA

Оятуллоҳ Хоманаӣ бар пайкари Исмоил Ҳания намоз хонд

14:11 - August 01, 2024
рақами хабар: 1910
ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии инқилоби исломии Эрон, дар маросими ташйиъи шаҳид Исмоил Ҳания ҳузур ёфтанд ва бар пайкари ин шаҳиди воломақом дар Теҳрон иқомаи намоз карданд.

Дар пайи шаҳодати Исмоил Ҳания, раҳбари ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос, маросими ташйиъи пайкари ин фармондеҳи меҳвари муқовимати исломӣ, субҳ имрӯзи (панҷшанбе) аз Донишгоҳи Теҳрон ба самти чаҳор роҳи Наввоб баргузор шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар пайи шаҳодати Исмоил Ҳния, раҳбари ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос, маросими ташйиъи пайкари ин фармондеҳи меҳвари муқовимат субҳи имрӯз (панҷ шанбе) аз Донишгоҳи Теҳрон баргузор шуд.

Бомдоди дирӯз (чаҳоршанбе) маҳалли иқомати Исмоил Ҳания дар Теҳрон мавриди исобат қарор гирифт ва дар пайи ин ҳодиса ишон ва як нафар аз муҳофизони вай ба шаҳодат расиданд.

Ин маросим аз соати 8 субҳ дар Донишгоҳи Теҳрон бо ҳузури мардум ва мақомот ва масъулон оғоз шуд. Ташйии пайкари ин шаҳиди сарафроз пас аз иқомаи намози Оятуллоҳ Хоманаӣ, аз Донишгоҳи Теҳрон ба самти майдони озодӣ то чаҳор роҳи Навоб дар миёни иҷтимои азиме аз мардуми Эрон баргузор шуд.

Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи шаҳодат раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) бо судури иттилоияе, се рӯз азои умумӣ эълом кард.

https://tajikpress.com/2024/08/01/

captcha