IQNA

Исроил дар тарс ва ваҳшат аз интиқоми сахт ва вайронгари Эрон

22:18 - August 01, 2024
рақами хабар: 1911
ИКНА - Дар ҳоли ҳозир шароити фавқалоддае дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин ҳоким аст. Исроилиҳо дар тарс ва ваҳшат ба сар мебаранд ва артиши ин режим ва радарҳои он дар омодабоши комил ҳастанд. Онҳо ба хубӣ ин мавзӯъро медонанд, ки агар Ҷумҳурии Исломии Эрон бигӯяд интиқом мегирад ҳатман аз режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ интиқом хоҳад гирифт. Ва бидуни шак интиқоми Эрон бисёр сахт ва вайронгар хоҳад буд.

Мақомоти баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳаркдом ҷудогона режими палид ва ҷинояткори саҳюнстиро таҳдид ба интиқоми сахт ва вайронгар кардаанд ва ба назар мерасад Эрони исломӣ интиқоми сахт ва дардноке аз режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ хоҳад гирифт.

Инки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар куҷо ва кадом макон ин таҳдидро амалӣ хоҳад кард мавзӯъе аст, ки Исроил ва Амрикоро бо тарс ва ваҳшат рӯбарӯ кардааст. Замони ин интиқом ҳам бисёр аҳамият дорад, зеро султагароии Амрико дар ҳоли уфул аст ва “Ҷо Байден” ба унвони ҳомии сарсахти саҳюнистҳо аз интихобот канор рафтааст.

Шавоҳиди бисёре вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад эрониҳо аз режими Исроил интиқом хоҳанд гирифт, зеро эрониҳо дорои паҳподҳои зиёде ҳастанд, ки метавонанд километрҳоро тай кунанд чароки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ваъдаи Содиқ, ки ҳамин як моҳ қабл анҷом шуд ва ба маконҳои ҳассос ва ҳаётии ин режими ҷинояткор ҳамла карда буд ин худ як таҷрибаи бисёр хуб ва муфиде барои Ҷумҳурии исломӣ буд ва бидуни шак аз ин таҷриба дар ҳамлаи ояндаи худ истифода хоҳад кард. Тибқи назари бештари коршиносон беш аз 80 дарсади паҳподҳо ва мушакҳои баллистики Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ваъдаи Содиқ ба Телавив, ва нуқоти ҳассос ва низомии ин режими ҷинояткор расиданд ва бомуваффақият фуруд омаданд. Ва ин амалиёт тарс ва ваҳшати зиёдеро дар дили саҳюнистҳо андохт.

Бидунии шак Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин ҳамла низ аз ин паҳпод ва мушакҳои баллистикии худ истифода хоҳанд кард. Ва Эрони исломӣ бо ин паҳподҳо ва мушакҳои баллистикии худ зарбаҳое чандгонаеро ба режими Исроил ворид ва онро нобуд хоҳад кард. Ин як ҳадафи муҳим барои эрониҳо аст, ки сабаби тарс ва ваҳшати фарогиреро дар қалби исроилиҳо ва режими саҳюнстӣ эҷод кардааст.

Лозим ба зикр аст, ки илова бар Ҷумҳурии Исломии Эрон кишварҳои меҳвари муқовимат низ ба эҳтимоли қавӣ дар ин ҳамалот ширкат хоҳанд кард ва ба таври қатъ зарботи сангне аз тарафи кишварҳои меҳвари муқовимат хоҳанд хурд ва меҳвари муқовимат ҳамкунун низ дар ҳоли гирифтани интиқом аз режими кӯдаккуш ва ҷинояткори Исроил аст зимни онки ҳамаи мардуми кишварҳои арабӣ ҳам ҳаводори меҳвари муқовимат ҳастанд. Ин мардум «сулҳ ва созиш» бо режими Исроилро нангин медонанд. Режиме, ки ҳангоми оддисозии равобит бо кишварҳои арабӣ иддаои ҳимоят ва пуштибонӣ аз ин кишварҳоро дошт, ки акнун ин режим ҳатто наметавонд дар баробари яманиҳо ва меҳвари муқовимат аз худ дифоъ кунад, чӣ расад дар баробари Ҷумҳури Исломии Эрон. Ҳол шароит тағйир карда ва кишварҳои арабӣ ҳам бояд дар муҳосиботи худ бознигарӣ кунанд. Ҳокимони Араб бояд ба сӯи миллигароии арабӣ гомбардоранд ва ба назари мардуми худ аҳамият бидиҳанд ва худро аз вобастагӣ ба Амрико ва режими палоид ва ҷинояткори саҳюнистӣ раҳосозанд.

https://tajikpress.com/2024/08/01/

captcha