Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазорати тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза бо пахши як баёния шумори охирини шаҳидон ва захмиён дар ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза аз 7 октябри соли гузаштаро эълом кард.
Тибқи гузориши манбаъ, режими Исроил то ҳол 39 ҳазору 480 нафар ғайринизомии фаластиниро ба шаҳодат расондааст.
Ҳамчунин, ин созмони пизишкии фаластинӣ эълом кард, шумори умумии захмиён аз ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза аз оғози ҷанг дар ин минтақа ба 91 ҳазору 128 нафар расидааст.
Вазорати тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза эълом кард, ки дар 24 соати гузашта артиши саҳюнистӣ дар борика 2 ҷиноят ва куштор анҷом додааст.
Тибқи ин гузориш, дар 24 соати гузашта ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза бо шаҳодати 35 нафар ва захмӣ шудани 55 нафар мунҷар шудааст.
Вазорати тандурустии Ғазза таъкид кард, ки иддае аз шаҳидон ва қурбониён то ҳол дар зери харобаҳо ва дар хиёбонҳо қарор доранд ва ишғолгарон аз ироаи кумак ба онҳо монеъ мешаванд.
https://tajikpress.com/2024/08/02/