IQNA

Исмоил Ҳания; марди майдони муқовимату сиёсат

23:54 - August 02, 2024
рақами хабар: 1916
ИКНА - Исмоил Ҳания бо беш аз 40 сол собиқаи мубориза, ин ҳақиқатро бо ҷону дил ихуд дарк карда буд, ки барои пирӯзӣ дар баробари саҳюнисм, набояд аз таваҷҷуз юа қудрат ғофил шуд.

Исмоил Ҳания бо беш аз 40 сол собиқаи мубориза, ин ҳақиқатро бо ҷону дил ихуд дарк карда буд, ки барои пирӯзӣ дар баробари саҳюнисм, набояд аз таваҷҷуз юа қудрат ғофил шуд.

Исмоил Ҳания дар ҳаёти 61 солаи худ талош кард ёдгирии тамоми фазилатҳо, боварҳо, мудирияти аҳдоф ва ормонҳоро ҳамзамон бо ҳам пеш барад ва аз ҳеҷ чизе ғофил намонад. Ин ҳамон сохтори шахсиятии Исмоил Ҳания аст, ки аз ӯ раҳбар ва сиёсатмадоре сохт, ки ҳеҷгоҳ дар ҳаёти сиёсии худ, дучори ин хато нашуд, ки аҳамияти силоҳ ва қудрати низомиро ба баҳои барҷаста кардани мавзуи сиёсат ва дипломосӣ фаромӯш кунад. Исмоил Ҳания бо беш аз 40 сол собиқаи муборизотӣ, ин ҳақиқатро бо ҷону дили худ дарк карда буд, ки барои пирӯзӣ дар баробари саҳюнисм, набояд аз зарурати таваҷҷуҳ ба қудрат ғофил шуд.

Ду боли тафаккури сиёсии Ҳания

Ҷунбиши қаҳрамонпарвари Ҳамос дар замонае таъсис шуд, ки зулм ва хушунати режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниҳо ба авҷ расида буд ва рӯҳи маҷруҳ ва мазлуми ҷомеаи фаластинӣ, ниёз ба муборизони мусаллаҳе дошт, ки битавонанд бо қудрат дар баробари ишғолгар беистанд. Ба думболи ҳамроҳии Исмоил Ҳания бо устод ва муқтадои ӯ шайх Ёсин ва дигар муборизони Фаластин, насле аз навҷавонон ва ҷавонон ба майдони набард омаданд, ки муҳимтарин рукни тарбиятӣ ва низомии онон, қудрате бар меъёри имон, омӯзиш ва назм буд.

Баъдҳо Исмоил Ҳания, яке аз раҳбарон ва муборизоне буд, ки зарурати мушорикати ҷунбиши Ҳамос дар масъалаи сиёсатро низ ба унвони як ниёзи таърихӣ барҷаста кард. Ин идаи арзишманд сабаби он шуд, ки Ҳамос, бо ҳамони рӯҳи инқилобӣ, ки дар омӯзиши размӣ ва низомии худ ба даст оварда буд, дар ҳавзаи сиёсат ва музокира низ насле аз кодрҳои шуҷоъ бор оварад, ки бархилофи бархе аз гурӯҳҳои қадимии фаластинӣ, дар амри муборизаи сиёсӣ, ҳозир ба нармиш ва инъитоф дар баробари таҳдидҳои душман набуд. Ба ин тартиб, навъе аз ҳамоҳангӣ ва ҳамроҳӣ байни ду боли муборизаи низомӣ ва сиёсӣ дар Ҳамос ба вуҷуд омад, ки ба ҷуръат метавон гуфт, ки дар таърихи муқовимат, камназир будааст.

Дарку фаҳми равшани Исмоил Ҳания аз муносиботи қудрат ва ҳамчунин фаҳми ӯ аз равоншиносии режими саҳюнистӣ сабаби шаклгирии ин бовари инқилобӣ шуда буд, ки «саҳюнистҳо, бо забоне ғайр аз забони қудрати низомӣ ошно нестанд» ва то замоне, ки бовар накунанд як ташкилоти қудратманд дар баробари онҳо қарор гирифта, ки метавонад мавҷудияташонро ба хатар андозад, аз мавзеъҳои зӯргуёнаи худ кӯтоҳ намеоянд. Исмоил Ҳания ҳар ду боли қудрати низомӣ ва дипломатияро барои ормони Фаластин, муҳим ва ҳаётӣ донист ва ҳатто дар шароите,ке чандин фарзанд ва нава ва азизони ӯ дар Ғазза шаҳид шуданд, ҳозир нашуд дар бораи аҳамияти амалиёти Тӯфони Ақсо ва муҷоҳидати беназири муборизони Иззуддин Қасом, чизе бар забон биоварад, ки аз он бӯи заъф ва ё тардид ба машом бирасад.

Исмоил Ҳания ҳозир набуд усул ва ормонҳоро фидои имтиёзҳои кӯчак кунад. Мақомоти режими саҳюнистӣ, борҳо бо восита, ин паёмро мунтақил карданд, ки агар Исмоил Ҳания ба унвони раиси Дафтари сиёсии Ҳамос, ҳатто ба шакли ғайрирасмӣ ва бидуни баёнияи мактуб, мавҷудияти Телавивро ба расмият бишносад, бисёре аз мушкилҳо ба суръат ҳал хоҳад шуд. Бо ин ҳол, Ҳания бо он лаҳни арабии дилнишини худ дар чанд суханронӣ, ду бор пушти сар ҳам гуфт, «қасам ба Худованд, Исроилро ба расмият намешиносем.»

Бо онки дар таърихи муборизони фаластинӣ, шоҳиди мавозеъ ва суханони афроде будаем, ки гоҳе дар баёни мавозеи миллати худ, авлавиятҳои аслӣ ва ҳаётиро аз ёд бурдаанд, Исмоил Ҳания ҳеҷгоҳ фиреб нахӯрд, дучори ғафлат нашуд ва дар баёни дидгоҳҳои худ, мавзуъҳои ҳаётӣ ва стратегӣ ба монанди барчида шудани масъалаи шаҳраксозӣ, поёни ҳаёти ишғолгарон, озодии тамоми асирони фаластинӣ, истиқлоли Фаластин ва бозгашти овораҳоро аз ёд набурд.

Он сиёсатмадор ва муборизи инқилобӣ ва фарзанди ростини Фаластин, ки аз сӯи Амрико, режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни ин режим ба унвони террорист шинохта мешуд, умри 61 солаи худро вақфи ормони миллати мазлумаш кард ва душманоне, ки дар баробари мантиқи мустаҳками ӯ, ҳамразмон ва ҳомёнаш абзоре надоштанд, боз ҳам чорае ғайр аз террор ва ҷиноят надоштанд.

https://tajikpress.com/2024/08/02

captcha