Николас Мадуро, субҳи имрӯз пас аз пирӯзии муҷаддад дар интихоботи риёсатҷумҳурӣ, дар як нишасти хабарӣ дар Каракас дар посух ба саволи хабарнигори Ал-Маёдин, бар ҳимояти кишвараш аз ормони Фаластин таъкид кард ва гуфт, ки «Венесуэла ҳамеша бо Фаластин хоҳад буд ва мо ваҳшатноктарин наслкушӣ аз замони Гитлер токунунро, ки алайҳи мардуми Ғазза ва Фаластин анҷом мешавад, маҳкум мекунем».
Вай афзуд: Мо аз қазоёи арабӣ ва мусулмонон ҳимоят мекунем, ки дер ё зуд пирӯз хоҳанд шуд, зеро умед, қудрат ва ҳаққи зиндагӣ аз батни ранҷҳо берун хоҳад омад.
Николас Мадуро дар бахши дигаре аз ин мусоҳиба тасреҳ кард, ки рости ифротӣ дар Венесуэла тавассути саҳюнизми байналмилалӣ ҳимоят ва таъмин мешавад ва нуфузи саҳюнизм дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, дар пушти кудито дар Венесуэла қарор дорад.
Вай тасреҳ кард, ки «пирӯзии мо дар Венесуэла бузургтарин гувоҳи он аст, ки мардум чӣ коре метавонанд барои истиқлол, иззат ва ояндаи худ анҷом диҳанд».
Раисҷумҳури мунтахаби Венесуэла бо ишора ба инки ба иҷлоси БРИКС даъват шуда ва пас аз пирӯзӣ дар интихобот, табрик дарёфт карда, тасреҳ кард, ки ҷаҳон дигар вобаста ба тасмими Вашингтон ё рости ифротии сармоядории ваҳшӣ ва неофашизм нест.
Дар интихоботи ахири риёсатҷумҳурӣ дар Венесуэла, Николас Мадуро бо пешӣ гирифтан аз рақибаш Эдмундо Гонсалес ва бо касби 51.2 дарсад аз оро барои севумин бор тасдии ин пустро бар уҳда гирифт. Аммо пас аз эъломи натоиҷ, Венесуэла ба саҳнаи эътирозот дар вокуниш ба ин натоиҷа табдил шуд; эътирозоте, ки Николас Мадуро онро «улгубардорӣ аз инқилобҳои рангӣ» хонд.
https://tajikpress.com/2024/08/03/