ИКНА - Пас аз ҳамлаи гурӯҳе аз тарафдорони ҷараёни рости ифротӣ ба масҷиде дар Саутпорти Англис, мусулмонон дар саросари ин кишвар нисбат ба амнияти худ эҳсоси нигаронӣ мекунанд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, мусулмонони Биритониё дар пайи ҳамлаи исломҳросонаи тарафдорони рости ифротӣ ба масҷиде дар Саутпорт эҳсоси ноамнӣ мекунанд.
Гурӯҳҳои исломӣ аз полис хостаанд то амният ва гаштзанӣ дар атрофи масоҷидро афзоиш диҳад зеро гаруҳои рости ифротӣ ҳадди ақал 19 таҷаммӯъ дар саросари Англис дар рӯзҳои оянда барномарезӣ кардаанд.
Ин шӯришҳо пас аз ҳамлаи як навҷавони руандаӣ ва қатли се кӯдак ба номҳои Олис Досилво, 9 сола, Биби Кинг, 6 ва Алси Дотустонкомб, 7 сола бо зарботи чоқу иттифоқ афтодааст.
Дар ин ҳамла ҳашт кӯдаки дигар бо чоқу захмӣ шуданд, ки вазъияти панҷ нафар аз онҳо вахим аст; Ҳамчунин ду бузургсол ба шиддат маҷрӯҳ шуданд.
Шӯришҳои хушунатомези пеш аз ин дар Саутпорт, Манчестер ва Лондон ва ҳамчунин соири шаҳрҳо ва шаҳракҳо пас аз чоқу задани ин духтарон дар як клупи таътилоти кӯдакон дар рӯзи душанбе рух додааст.
Пас аз ин ҳамла шоеъоте мунташир шуд, ки ин навҷавон, мусулмон будааст ва ҳамин амр боиси барангехтани тарафдорони ҷараёнҳои ифротӣ шуд.
Бар асоси гузориши Гордиян, ҳадди ақал 19 тазоҳуроти рости ифротӣ дар рӯзҳои оянда дар саросари Англис барномарезӣ шудааст, ки бисёре аз онҳо таҳти унвони «Дигар бас аст» ва «Ҳифозат аз фарзандонамон» баргузор хоҳанд шуд.
Азҳар Қаюм, мудири омили созмони ғайридавлатӣ мушорикат ва тавсеаи мусулмонони (MEND) мустақар дар Биритониё ба Ал-Арабӣ Ал-Ҷадид гуфт, ки мусулмонон акнун бисёр музтариб ҳастанд. Ӯ гуфт: фурӯшгоҳҳо ва хонаҳо мавриди ҳамла қарор гирифтаанд ва мусулмонон дар саросари кишвар ба ин фикр мекунанд, ки оё нафари баъдӣ онҳо хоҳанд буд ё хайр.
Вай афзуд: Ин вазъият аз тариқи сампошии тӯлонимуддат алайҳи Ислом ва мусулмонон ба вуҷуд омадааст, аммо акнун пас аз як кампайни интихоботии шадидан исломҳаросона ҳодтар шудааст.
Аз сӯи дигар Зоро Муҳаммад, дабири кулли Шӯрои мусулмонони Биритониё (MCB) гуфт, ки бояд барои муҳофизат аз мусулмонон иқдомоти бештаре анҷом шавад.
Дар пайи ин ҳамалот, Кейр Стармер, нахуствазири Биритониё эълом кард тафриқа дар миёни ҷавомеъи мо ҷое надорад. Вай афзуд: Тарафдорони рости ифротӣ нишон медиҳанд, ки чӣ касоне ҳастанд ва мо бояд дар посух ба он нишон диҳем, ки чӣ ҳастем.