IQNA

Ёдиот Аҳаронот: Посухи Эрон бисёр шадидтар, дақиқтар ва вайронгартар хоҳад буд

14:04 - August 04, 2024
рақами хабар: 1924
ИКНА - Манобеи ибризабабон, ибрози нигаронӣ карданд, ки ин бор посухи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ба террорҳои анҷом шуда дар рӯзҳои ахир бисёр шадидтар ва маҳкамтар аз амалиёти қаблӣ хоҳад буд.

Ба гузориши рӯзномаи ибризабони “Ёдиот Аҳаронот” ба нақл аз масъулони амниятии режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ баён кард, ки Ҳизбуллоҳ ҳамчунон ба думболи фурсате барои анҷоми як ҳамлаи васеъ ва густурда алайҳи Исроил аст ва ин ҳамла сирфан маҳдуд ба аҳдофи низомӣ нахоҳад буд ва баровардҳо ҳокӣ аз он аст, ки эрониҳо ҳанӯз муҳосиботи худро комил накарда ва дар ҳоли мушаххас кардани доманаи посухи худ ҳастанд.

Ин рӯзнома ишора кард, ки посухи Ҷумҳурии Исломии Эрон ин бор бисёр шадидтар, дақиқтар ва вайронгартар хоҳад буд.

Рӯзномаи ибризабони “Ёдиот Аҳаронот” ба нақл аз як масъули баландпояи саҳюнистӣ овардааст, ки агар ҳамла аз чанд ҷабҳа ва ба шеваи густурда анҷом гирад, муқобила бо он барои режими саҳюнистӣ ва Амрико душвор хоҳад буд ва бояд барои вуқӯъи талафот омодагӣ дошт, аммо дар чунин шароите, Исроил метавонад бо қудрати бештаре посух дода ва ҳимояти ҷаҳонро ҳам бадаст овард. Вай гуфт: Эрон ва Ҳизбуллоҳ, тайи даҳаҳо як неруи низомии қудратмандеро эҷод карданд то рӯзе аз он истифода кунанд.

Рӯзномаи мазкур хитоб ба саҳюнистҳо овардааст: Аз савоҳил ва рестаранҳои мамлув аз ҷамъият дар ин маконҳо дур шавед, чаро, ки мо дар рӯзҳои маргборе қарор дорем, ки ҳар лаҳза мумкин аст ҷанг дар ин маконҳо иттифоқ бияфтад.

https://tajikpress.com/2024/08/04/%D1%8

captcha