IQNA

Масъуди Пизишкиён:

Арбаин фурсате барои густариши фарҳанги ҳақталабӣ аст

12:58 - August 05, 2024
рақами хабар: 1927
ИКНАК - Раисҷумҳури Эрон дар ҷаласаи ситоди марказии Арбаин, тасреҳ кард: Бояд ин нигоҳро дар байни мардум эҷод кунем, ки мо ба унвони мусулмон ва шиъаи имом Ҳусайн(а) ба думболи ҳақталабӣ ҳастем ва арбаин метавонад фарҳанги ҳақталабӣ ва адолатхоҳиро густариш диҳад.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз пойгоҳи иттилоъ расонии риёсати ҷумҳурӣ, Масъуди Пизишкиён рӯзи шанбе, дар нишасти ситоди Арбаин, ки бо ҳузури русо ва намояндагони дастгоҳҳои узв баргузор шуд, аз иқдомот ва пешбиниҳои анҷом шудае, ки дастгоҳҳои мухталиф гузориши онро дар ин ҷаласа ироа карданд, қадрдонӣ кард.

Раисҷумҳур талош барои фароҳам намудани асбоби осоиши зоирон ва баргузории бидуни мушкили оини роҳпаймоии Арбаинро зарурӣ донист ва бо таъкид бар зарурати таклифи дастгоҳо дар амал ба тааҳҳудоти худ дар ин замина изҳор кард: Ҳамаи дастгоҳҳо ва бахшҳое, ки дар баргузории оини пиёдаравии Арбаин ҳузур ва мушорикат доранд, муваззафанд тааҳҳудоташонро ба беҳтарин ваҷҳи мумкин иҷро кунанд, ҳеҷ тавҷеҳе дар бораи норизоятии мардум пазируфта нест.

Пизишикён ҳамчунин бо таъкид бар аҳамияти касби ризояти зоирони Абоабдиллоҳи Ҳусайн(а), тасреҳ кард: Касби ризояти мардум аввалуияти аслии ҳамаи дастгоҳҳои масъул аст.

Раисҷумҳур дар идомаи суханонаш бо қадрдонӣ аз давлати Ироқ бобати эҷоди ҳамоҳангӣ бо ситоди Арбаини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ростои иртиқои камӣ ва кайфии ироаи хадамот ба зоирон, баён кард: Бояд талош кунем кор дар арсаи баргузории оини пиёдаравии Арбаин ба таври комил тавассути мардум анҷом шавад ва ҳар ҷо лозим буд бахшҳои давлатӣ ва ҳокимиятӣ аз иқдомоти мардумӣ ҳимоят ва пуштибонӣ ба амал оваранд, аммо мудирияти кор бояд ба мардум вогузар шавад.

Пеш аз суханони раисҷумҳур вузаро, устондорон устонҳои марзӣ, ва дигар масъулони дастгоҳҳои узви ситоди Арбаин гузориши иқдомоти анҷом шуда ва ниёзмандиҳои лозим барои баргузории матлуби маросими Арбаини имсолро ироа карданд.

Рисҷумҳур дар поёни суханони худ бо таъкид бар инки ҳамаи талошҳо дар баргузории ин оини азим бояд бар меҳвари баркашидан беш аз пеши нигоҳи ошуроӣ ва ҳусайнӣ анҷом шавад, гуфт: Бояд талош кунем нигоҳ ва рӯйкарди ҳоким бар қиёми имом Ҳусайн (а), ки ҳаққхоҳӣ ва адолатталабӣ будро ҳар чӣ бештар барҷаста кунем.

Ҳамчунин муқаррар шуд ситод гузориши мустамари фаъолитҳои худро барои истеҳзори раисҷумҳур ирсол кунад.

https://iqna.ir/fa/news/4229871

captcha