Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Ал-Арабӣ 21, ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин Ҳамос дар бораи ҷузъиёти сафари шаҳид Исмоил Ҳания ба Теҳрон хотирнишон кардааст: Охирин парвози шаҳиди уммат.. Шаҳиди фармондеҳ, Исмоил Ҳания дар охирин сафари худ, бо Қуръон дар даст, дар ҳавопаймо нишаст ва ба ояти 74 сураи Нисоъ дарҳоли нигоҳ кардан буд: «فَلْيُقَاتِلْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ الَّذِينَ يَشْرُونَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا بِالْآخِرَةِ وَمَن يُقَاتِلْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَيُقْتَلْ أَوْ يَغْلِبْ فَسَوْفَ نُؤْتِيهِ أَجْرًا عَظِيمًا» (Пас касоне бояд дар роҳи Худо ҷиҳод кунанд, ки (даст аз ҷон шустаанд ва) зиндагии ин ҷаҳонро ба он ҷаҳон мефурӯшанд ва ҳар кас дар роҳи Худо ҷиҳод кунад ва кушта шавад ё фотеҳ гардад, зуд бошад, ки ӯро аҷри азим диҳем.)
Дар идомаи ин баёния омадааст: Паёми илоҳӣ ин буд ва Ҳния дар он лаҳазот дар ҳоли ибодат ва таслим шудан буд ва бо дунё худоҳофизӣ ва бар роҳи ҷиҳоде, ки онро бо ихлос ва имони қалбӣ ихтиёр карда буд, таъкид мекард.
Ҳамос дар поён, аз Худованди Мутаол барои шаҳид Ҳания улувви дарҷотро хостор шуд.
Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин Ҳамос ҳамчунин аксе аз шаҳид Ҳанияро, ки дар ҳавопаймо ва Қуръон ба даст нишаста, замимаи ин баёния кардааст