Ба гузориши ТоҷикПресс, мақомоти Амрико гуфтаанд: Мо намедонем, ки оё Эрон ва Ҳизбуллоҳ ба сурати ҳамоҳанг ё ҷудогона ҳамла хоҳанд кард.
Ин мақомот гуфтаанд: Мо бар ин боварем, ки Эрон ва Ҳизбуллоҳ ҳануз дар ҳоли кор бар рӯи барномаҳои низомии худ ҳастанд.
Як шабакаи амрикоӣ ҳам бо ишора ба нигаронии физоянда миёни саҳюнистҳо аз посухи Эрон ва Ҳизбуллоҳ ба ҷиноятҳои террористии режими ишғолгари Исроил эълом кард: Телавив аз тарси посухи Эрон, дар сукут ва хомӯшӣ фурӯ рафтааст.
Аз сӯйи дигар, рӯзномаи “Yediot Aharanot” дар гузориши ҷудогона эълом кард, ки Исроил мунтазири посухи ҳатмӣ аз сӯи Эрон ва Ҳизбуллоҳ аст ва мумкин аст ин вокуниш ба таври муштарак анҷом шавад ва яманиҳо низ дар он ширкат кунанд.
Тибқи гузоришҳо, ҳамаи аркони режими саҳюнистӣ ба думболи террори Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос ва Фуод Алӣ Ашшукр, фармондеҳи аршади Ҳизбуллоҳ ба ҳолати омодабош даромадааст.
Ҳания бомдоди рӯзи чаҳоршанбе дар ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ба маҳалли иқомати вай дар пойтахти Эрон ба шаҳодат расид.
Ашшукр низ сешанбешаб дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба ҷануби Бейрут, пойтахти Лубнон ба шаҳодат расид.
https://tajikpress.com/2024/08/04/