IQNA

Таҷлил аз Қуръономузони яманӣ ба ёди шаҳид Исмоил Ҳания + акс

20:18 - August 05, 2024
рақами хабар: 1933
ИКНА - Маросими таҷлил аз 721 Қуръономузи яманӣ ҳамзамон бо гиромидошти ёди шаҳиди ҳофизи Қуръон ва муҷоҳиди фаластинӣ, Исмоил Ҳания баргузор шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, маросими фориғуттаҳсилии давраи қуръонии 721 ҳофиз аз марокизи ҳифзи Қуръон ва улуми динии Яман ба ёд ва номи шаҳид ҳофизи Қуръон, Исмоил Ҳания баргузор шуд.

Масъулони баргузории ин маросим пас аз шаҳодати шаҳид Исмоил Ҳания тасмим гирифтанд то ин давраи Қуръониро ба номи он шаҳид номгузорӣ кунанд.

Маросими бузургдошт ва таҷлил аз ин ҳофизони Қуръон бо ҳузури густурдаи мардум ва шуморе аз масъулон дар Таъаз баргузор шуд.

Наср Абдулғанӣ Мутаҳҳар, яке аз масъулони баргузории ин давра дар суханони худ тавсия кард, ки фориғуттаҳсилони худро ба ахлоқи қуръонӣ ороста созанд ва дар садоқат, парҳезкорӣ ва роҳбарии улгу бошанд.

Вай дар идома таъкид кард: Онҳо бояд ҳофизони Қуръон дар Ғаззаро сармашқи худ қарор диҳанд, чаро, ки дар роҳи умамти исломӣ аз ҷони худ гузаштанд.

https://iqna.ir/fa/news/4230162

captcha