Ба гузориши Журнали Уолл-стрит, ба нақл аз манобеи амрикоӣ бо ишора ба инки Эрон ба таври ҷиддӣ дар ҳоли омодасозӣ барои ҳамлаи алайҳи Телавив аст, эълом кард, ки ин ҳамла чанд рӯзи дигар анҷом хоҳад шуд.
Ин рӯзнома навишт: Эрон аз охири ҳафтаи гузашта дар ҳоли интиқол ва ҷо ба ҷоии мушакандозҳои худ ва ҳамчунин анҷоми размоишҳои низомӣ аст, ки метавонад нишондиҳандаи ин бошад, ки Теҳрон худро барои ҳамла тайи рӯзҳои оянда муҳайё мекунад.
Террор ва шаҳодати мақоми аршади Ҳамос дар Теҳрон ва ҳамчунин “Фуод Шукр” фармондеҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон дар Зоҳияи ҷанубӣ, ҳароси режими саҳюнистӣ аз посухи Теҳрон ва муқовиматро афзоиш додааст. Эрон таъкид кардааст, ки террори Ҳанияро бепосух нахоҳад гузошт.
Ҷан Бултон, мушовири асбақи амнияти миллии Амрико ба тозагӣ дар гуфтугӯ бо “Аш-Шарқул-Авсат” дар посух ба вокуниши эҳтимолии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба террори Исмоил Ҳания гуфт, ки вокуниши талофиҷӯёнаи Теҳрон ҳамонтавр, ки раҳбари олии Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид кардааст, бисёр сахт ва таъсиргузор хоҳад буд.
Пентагон рӯзи ҷумъа муддаӣ шуд, ки бо ҳадафи тақвияти мавозеъи дифоӣ дар Ховари Миёна дар вокуниш ба таҳдиди Эрон алайҳи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ, ҷангандаҳо ва новҳои бештареро ба минтақа эъзом хоҳад кард.
Бисёре аз кишварҳои ғарбӣ бо ишора ба эҳтимоли ташдиди таниш, аз шаҳрвандонашон хостаанд то дар асраи вақт Лубнонро тарк кунанд. Давлати Англис низ ҳушдори мусофирати мушобеҳеро содир кардааст. Канада аз шаҳрвандони худ хостааст то аз сафар ба арозии ишғолӣ худдорӣ кунанд.
Ҳушдорҳои мусофиратӣ дар ҳоле содир шудааст, ки дар рӯзҳои ахир бисёре аз ширкатҳои ҳавоии байналмилалӣ низ аз бими посухи муқовимат ба террори шаҳид Исмоил Ҳания ва ҳамчунин Фуод Шукр, парвозҳои худ ба мақсади арозии ишғолиро лағв кардаанд.
Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар вокуниш ба ҷиноёти режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ, бо таҳдиди Телавив гуфт, ки «Каме бихандед, зиёд гиря хоҳед кард.»
https://tajikpress.com/2024/08/06/