IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 29

Натарсед, ки ҳамеша ҳамроҳи шумо ҳастам!

22:13 - July 09, 2023
рақами хабар: 194
Кори бузурге ба ду Паёмбари илоҳӣ супурда мешавад, ки шароити бисёр душворе барои анҷоми он мебинанд. Аммо нидо мерасад, ки “натарсед! Ҳамвора ҳамроҳи шумо ҳастам ва [шароити шуморо] мешнавам ва мебинам”. Ҳаркас, ки бихоҳад, метавонад мухотаби чунин ёрӣ ва ҳамроҳӣ аз сӯи касе бошад, ки ваъдаи Ӯ ҳатман таҳаққуқ пайдо мекунад.

Теҳрон (ИКНА) “Фиръавн” номе аст, ки Қуръон ба фармонравоӣ Миср дар замони ҳазрати Мӯсо(а) итлоқ кардааст. Фиръавн намоди такаббур, худхоҳӣ ва саркашӣ дар муқобили худост. Чунонки аз оёти Қуръони Карим бардошт мешавад, Мӯсо(а) ва бародараш Ҳорун(а) бидуни инки имконот ва лашкари дошта бошанд, маъмур мешаванд, ки ба сӯи Фиръавн бираванд ва ӯро ба ҳидояти илоҳӣ даъват кунанд.

Аммо ин ду Паёмбар нигарон буданд, ки Фиръавн саркашӣ кунад ва ба онҳо осеб бирасонад:

اذْهَبَا إِلَى فِرْعَوْنَ إِنَّهُ طَغَى * فَقُولَا لَهُ قَوْلًا لَيِّنًا لَعَلَّهُ يَتَذَكَّرُ أَوْ يَخْشَى * قَالَا رَبَّنَا إِنَّنَا نَخَافُ أَنْ يَفْرُطَ عَلَيْنَا أَوْ أَنْ يَطْغَى; “Ба сӯи Фиръавн биравед, ки ӯ ба саркашӣ бархоста. Бо ӯ сухане нарм гӯед шояд, ки панд пазирад ё битарсад. Он ду (Ҳорун ва Мӯсо) гуфтанд Парвардигоро мо метарсем, ки [ӯ] осебе ба мо бирасонад ё онки саркашӣ кунад” (Тоҳо, 45).

Ба назар мерасад, ки дар чунин шароите, абзори хос ё ёвари гурӯҳи ниёз бошад, ки ин осеби эҳтимолеро дӯркунад. Аммо Худованд хитоб ба ду Паёмбар иборотеро баён мекунад, ки қобили тааммул аст: لَا تَخَافَا إِنَّنِي مَعَكُمَا أَسْمَعُ وَأَرَى; (Худованд) фармуд: натарсед, ҳамоно ман бо шумо ҳастам (ва ҳамачизро) мешнавам ва мебинам” (Тоҳо, 46).

Чунин хитоби нишон медиҳад, ки Паёмбарони Худо ва муъминон агар дар масири қатъӣ, ки Худованд амр ба он кардааст, метавонанд бо такя бар имон ва таваккул ба Худованд, корҳои бузургеро анҷом диҳанд ва нигаронӣ аз осебҳои эҳтимолӣ надошта бошанд. Ва дар сурате, ки чунин имони қавӣ дар афрод вуҷуд дошта бошад, хитоб дилгармкунандаи Худованд барои онон низ корбурд дорад, ки “натарсед, ҳамоно ман бо шумо ҳастам”.

Чунин хитобе аз сӯи Худованд қудрат ва қуввати ба инсони муъмин мебахшад, ки аз ҳаргуна сустӣ ва тарс раҳоӣ пайдо мекунад. Чунонки дар ҷои дигаре аз Қуръон мефрмояд: نَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنْ حَبْلِ الْوَرِيدِ; Мо аз шоҳраги [ӯ] ба ӯ наздиктарем” (Қоф, 16) ва ин ҳамроҳӣ ва наздикии Худованд ба инсонро дақиқтар тарсим мекунад.

Мӯҳсини Қироатӣ дар тафсири Нур нукотеро дар иртибот бо ин оёт матраҳ мекунад:

 1- Баррасии мушкилот ва мавонеъи эҳтимолӣ ва тарс аз оянда ва нокомӣ, мунофоте бо ихлос ва мақоми нубувват надорад. (Мо метрсем)

 2- Ҷавсозӣ ва шойеъасозӣ, шеваи тоғутҳо ва ситамгарон аст. Онон фазоро масмум ва мардони Худоро муттаҳам менамоянд ва ё баъд аз шунидани ҳақ даст ба ошуб мезананд то сухани ҳаққи онон асар накунад. (Осеби ба мо бирасонад ё онки саркашӣ кунад)

captcha