IQNA

Вокуниши расонаҳои амрикоӣ ва саҳюнистӣ ба интихоб Яҳё Синвор

12:51 - August 07, 2024
рақами хабар: 1941
ИКНА - Расонаҳои амрикоӣ ва режеими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ нисбат ба интихоби Яҳё Синвор ба риёсати ҷунбиши исломии Ҳамос вокуниш нишон доданд.

Ба гузориши ожонси расонаии режими ҷинояткори саҳюнистӣ ва шабакаи Канни ин режими кӯдаккуш дар вокуниш ба иқдоми ҷунбиши исломии Ҳамос барои таъйини “Яҳё Синвор” ба унвони ҷонишини шаҳид “Исмоил Ҳания” ва риёсати ҷунбиши исломии Ҳамос навишт, ки ин иқдом паёме барои Телавив буд мабни бар инки ӯ зиндааст ва фармондеҳии Ҳамос дар Ғазза қудратманд аст ва ҳамчунон боқӣ хоҳад монд.

Як афсари режими ҷинояткори саҳюнистӣ низ дар вокуниш ба интихоби Яҳё Синвор дар твите навишт: Мо иштибоҳ кардем Исмоил Ҳанияро террор кардем то Яҳё Синвор раиси Ҳамос шавад.

Вазири хориҷаи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ низ дар суҳбатҳои беадабонаи ҷадиди худ муддаӣ шуд, ки интихоби Яҳё Синвор ба унвони раҳбари ҷадиди ҷунбиши исломии Ҳамос далеле дигар бар реша кан шудани ҷунбиши ислмоии Ҳамос аз рӯи замин аст. Ин дар ҳоле аст, ки бо гузашти 10 моҳ аз ҷанги Ғазза, аз байн бурдани Ҳамос, ки дар рӯзҳои аввали ҷанг ба унвони ҳадафи кӯтоҳ муддати саҳюнистҳо талаққӣ мешуд, ба оризӯи даст наёфтнӣ табдил шудааст.

Рӯзномаи амрикоии Журнали Уолл-стрит низ навишт, ки интихоби Яҳё Синвор ба унвони раиси ҷунбиши исломии Ҳамос мавқеияти ин ҷунбишро ба унвони як гурӯҳи муқовимати мусаллаҳонаи зидди Исроил тақвият мекунад.

Ню-Йорк Тамз низ таъкид кард, ки интихоби Яҳё Синвор ба унвони раиси ҷунбиши исломии Ҳамос нишон медиҳад, ки раҳбарони ин ҷунбиши фаластинӣ ҳамчунон ва баъд аз гузашти 10 моҳ аз оғози ҷанг ба тасмими худ барои мубориза бо Исроил поибанд ҳастанд.

https://tajikpress.com/2024/08/07

captcha