Ба гузориш, нахустин ҷаласаи кумитаи баргузории ин мусобиқот ба риёсати Умар Даръӣ, раиси идораи кулли умури исломӣ, авқоф ва закот ба унвони дабири кулли ҷоиза ва бо ҳузури Аҳмад Ат-Таниҷӣ, мудири кул ва раиси кумитаи олии ҷоиза ва аъзои кумитаи баргузории ин мусобиқот дар идораи кулли умури исломӣ ва авқофи Иморот баргузор шуд.
Дар ин нишаст, омодагии кумитаҳои иҷроӣ барои созмонедҳии ҳарчи беҳтари ин ҷоиза, ба манзури бозтоби тасвири саҳеҳ аз он ва ҳамчунин нақши ҳаётии он дар таҳким ва густариши арзишҳои аслии исломӣ мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.
Ин кумита ҳамчунин меҳварҳои муҳимми ин давра аз мусобиқот ва бахшҳои аслии он шомили тиловат, хитоба ва азонро мавриди баҳс ва баррасӣ қарор дод.
Дар поёни ин ҷаласа, Умар Даръӣ таъкид кард: Ин ҷоиза дар як фароянди пойдор барои дастёбӣ ба аҳдофи худ бар асоси чашмандоз тарсим шуда аз сӯи мақомоти давлатӣ дар заминаҳои мухталиф ҳаракат кардааст. Ба гуфтаи вай яке аз муҳиммтарини ин заминаҳо, тавонмандисозии ҷавонон ва ҳимоят аз халлоқият дар канори фароҳам сохтани бистарҳои фикрӣ барои гуфтугӯи фарҳангӣ ва тамаддунӣ будааст.
Ба гуфтаи Аҳмад Ат-Таниҷӣ, марҳалаи ниҳоии ин давра аз мусобиқот дар моҳи марти соли 2025 ҳамзамон бо моҳи мубораки Рамазон баргузор мешавад ва ҷузъиёти наҳваи сабтином, ширкат дар озмунҳои муқаддамотӣ ва меъёрҳои доварӣ, мутаоқибан эълом хоҳад шуд.
Нахустин давра аз мусобиқоти байналмилалии "Ат-Таҳбир Лил-Куръон" дар соли 2015 мелодӣ дар Иморот баргузор шуд ва ҳадаф аз он ошно кардани насли ҷавон бо ҳунарҳои қуръонӣ ва арзишҳои асили исломӣ унвон шудааст.