Ба гузориши манобеи хабарӣ, даҳҳо мусулмон аз дирӯз душанбе дар ҳафтумин рӯз аз нооромиҳо ва ошубҳои Биритониё барои ҳимоят аз як масҷид дар хиёбоне дар Бирмингем таҷаммӯъ карданд.
Ин мусулмонон, ки аксари онҳо бо моск ва пӯшиши сар буданд ва бархе аз онҳо парчами Фаластинро ҳамл мекарданд, як ҳалқаи ҳифозатиро дар атрофи масҷиде, ки аз сӯи гурӯҳҳои рости ифротӣ таҳдид шуд таҷаммӯъ карданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни даргирӣ миёни тарафдорони рости ифротӣ ва мухолифони нажодпарастӣ дар шаҳри Плимут дар ҷануби ғарбии Англис, ки дар он 3 афсари полис маҷрӯҳ шуданд, мардум дар атрофи маркази исломии шаҳр нигаҳбонӣ доданд.
Дар Бирмингем, мусулмонон бо шиори «Аллоҳу Акбар» ҳимояти худро аз масҷид эълом карданд. Тазоҳурот ва эътирозот алайҳи муҳоҷирон ва мусулмонон, ки тавассути гурӯҳи мавсум ба созмони дифоъи Англис ё ба ихтисори EDL анҷом шудааст бо ҳамла ба ҳутлҳое, ки муҳоҷирон дар онҳо иқомат доранд, ҳамроҳ шуд.
Аз сӯи дигар, Шакили Афсар, аз номзадҳои мустақили интихоботи парлумон, ки покистонитбор аст, аз ҳамватанони мусулмони худ хост, ки аз хона берун нараванд ва бо ифротгароёни ҷиноҳи рост бархурд накунанд, зеро ин ҳамон чизе аст, ки онҳо мехоҳанд. Вай дар ҳисоби худ дар Х навишт: Агар ростгароён бихоҳанд дар марокизи шаҳрҳо таҷаммӯъ кунанд набояд мо ба онҷо биравем. Аммо агар эълом кунанд, ки қасд доранд дар атрофи масҷиди шумо таҷаммӯъ кунанд шумо ҳақ доред биравед ва намоз бихонед ва аз масҷид дифоъ кунед, аммо агар ба маркази шаҳр омаданд бародарони азиз онҷо наравед.
Ташдиди нооромиҳо пас аз қатли 3 духтар бо чоқу ва интишори иттилооти гумроҳкунанда дар бораи муҳоҷим, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро мусулмон муаррифӣ карда буданд боло гирифт. Полиси Лондон дар баёнияе таъкид кард, ки афродеро, ки аз ҳаққи тазоҳурот ба унвони абзоре барои иртикоби аъмоли хушунатомез ё таҳрики нафрати нижодӣ ва мазҳабӣ нисбат ба сокинон ё полис истифода мекунанд, таҳаммул нахоҳад кард.
Мақомот аз масоҷид дар саросари кишвар хостанд тадобири амниятии худро тақвият кунанд; Ҳамчунин полиси коркунони бештареро дар атрофи масоҷид мустақар кардааст. Кейр Стармер, нахуствазир Англис, ҷараёни рости ифротиро ба эҷоди хушунат муттаҳам ва ҳимояти худро аз полис дар анҷоми иқдомоти сахт эълом кард.