Ба гузориши хабарнигори ИКНА, Аҳмад Ваҳидӣ, вазири кишвари Эрон рӯзи сешанбе дар маросими оғози расмии амалиёти Арбаини Ҳусайнии 1403 ва ихтитомияи сӯгвораи Абарот гуфт: Арбаин дар тӯли таърих, ҳаёти худро бозёбӣ карда ва ба унвони мавҳибати Худованд ба мо иноят шудааст. Арбаин маъдани фазилат ва қудрат аст.
Вай бо тарҳи ин пурсиш, ки чаро Арбаин муқаддимаи зуҳур аст? Ба таҳлили ин масъала пардохт ва гуфт: Ҳазрати Бақиятуллоҳ ҳангоми зуҳур, чанд нидо медиҳанд ва мефармояд: Эй аҳли олам ман имоми Қоим ҳастам, ало эй аҳли олам ман шамшери интиқом гиранда ҳастам, алло эй аҳли олам ҷадди ман Ҳусайн(а)-ро ташнаком куштанд, эй аҳли олам ҷадди ман Ҳусайн(а)-ро бараҳна бар хок афканданд. Алло эй аҳли олам ҳаққи ҷадди ман Ҳусайнро аз рӯи кинатӯзӣ поймол карданд. Ин нидои ҳазрат дар ҳангомаи зуҳур аст.
Вай идома дод: Албатта мо рад пойи иртиботи ошуро ва маҳдуиятро дар ҷоҳои дигар низ мебинем. Дар зиёрати Ошуро дар ду ҷо омадааст: Ба мо рӯзӣ фармо, ки талаб кунем хуни туро аз имоми мансур, Худоё рӯзӣ кун, ки талаб кунем хуни Ҳусайнро бо имом мазҳари адолат ва зуҳур ва нотиқ бар ҳақ. Дар дуои Нудба мехонем куҷоӣ эй талабкунандаи хуни кушта шуда дар Карбало.
Вазири кишвари Эрон тасреҳ кард: Дунё бояд омодаи зуҳур бошад ва ин омодагӣ беш аз пеш аз тариқи Арбаин иттифоқ меафтад. Чаро мақоми муаззами раҳбарӣ фармуданд, ки Арбаин ҷаҳонӣ шудааст? Дар Арбаин фақат шиъаён нестанд, аҳли суннат, аромна, ошуриён ва аз саросари ҷаҳон зоир ҳузур дорад ва ин яъне паёми Ошуро ба ҷаҳон расидааст. Вақте ҳазрати Маҳдӣ (а) мефармояд ман қиём кунанда ҳастам худашонро бо имом Ҳусайн муаррифӣ мекунанд, пас имом Ҳусайн бояд дар ҷаҳон шинохта шаванд то толиби хуни ишон шинохта шавад ва Арбаин ин масъулиятро бар ӯҳда гирифтааст ва Арбаин ин корро анҷом медиҳад.
Вай идома дод: Инки Арбаин яке аз панҷ нишонаи муъмин шинохта шуда масъалаи оддӣ нест. Инки мардум аз саросари ҷаҳон меоянд то мисоқи худро таҷдид кунанд оддӣ нест. Карбало имрӯз роҳи наҷоти Қудс аст. Имом фармуданд роҳи Қудс аз Карбало мегузарад. Имрӯз мефаҳмем, ки ин як ҳақиқат аст ва имрӯз дар фармоишоти раҳбарӣ дидем, ки калиди рамзолуди зуҳур дар озодии Қудс аст. Пас дар зуҳур, озодии Қудс, ҷаҳонӣ шудани имом Ҳусайн ва Ошуроро мебинем, ки бо ҳам пайванд мехӯранд ва заминаи зуҳур муҳаққақ мешавад. Имрӯз ёвари мардуми Қудс ҳамин Арбаиниҳо ҳастанд.