Ба гузориши ТоҷикПресс, Yediot Aharanot аз қавли як дипломати режими исроилӣ ва бидуни зикри номи ӯ навишт, саҳюнистҳо ва дипломатҳои исроилӣ дар хориҷ аз сарзаминҳои ишғолшуда аз ҳамлаҳои эҳтимолии Эрон ва Ҳизбуллоҳ нигаронанд.
Ие дипломат гуфт: “Вазъият хеле хатарнок аст ва бисёре аз намояндагони Исроил дар хориҷ худро бо таҳдид рӯбарӯ мебинанд”.
Нашрияи амрикоии “Политико” низ рӯзи сешанбе навишт, ки Исроил барои рафъи комили ҳамлаи густурдаи Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҳафтаи ҷорӣ ба камбуди муҳимот мувоҷеҳ аст ва ҳанӯз рӯшан нест, ки ҳамсоягони араби он дар ин замина барои кумак вориди амал мешаванд ё на.
Ин нашрияи амрикоӣ навишт: Хастагӣ ва нотавонӣ метавонад монеи вокуниши Исроил ба ин ҳамлаи эҳтимолӣ шавад.
Дар ҳамин ҳол, нигаронӣ ва изтироби равонии режими Исроил ба далели вокуниши ногузири Эрон ба террори ду шаҳиди ҷабҳаи муқовимат рӯз ба рӯз афзоиш меёбад.
Тибқи гузоришҳо, ҳамаи аркони режими саҳюнистӣ ба думболи террори Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос ва Фуод Алӣ Ашшукр, фармондеҳи аршади Ҳизбуллоҳ ба ҳолати омодабош даромадааст.
Ҳания бомдоди рӯзи чаҳоршанбе дар ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ба маҳалли иқомати вай дар пойтахти Эрон ба шаҳодат расид.
Ашшукр низ сешанбешаб дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба ҷануби Бейрут, пойтахти Лубнон ба шаҳодат расид.
https://tajikpress.com/2024/08/07/