IQNA

Баррел: Гуруснагӣ додан ба мардуми Ғазза, ҷинояти ҷангӣ аст

12:01 - August 08, 2024
рақами хабар: 1948
ИКНА - Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бомдоди панҷшанбе изҳороти вазири дороии режими саҳюнистӣ дар бораи гуруснгӣ додан ба мардуми Ғаззаро шадидан маҳкум кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, изҳороти ҷинояткорона ва ғайри инсонии Бетсалел Смотрих, вазири дороии режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар бораи куштори мардуми Навори Ғазза бо гурусна нигаҳдоштани онҳо, бо вокуниши тунди мақоми аршади аврупоӣ ҳамроҳ шуд.

Ҷозеп Баррел,  масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, Ҷозеп Баррел бомдоди панҷшанбе дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: «Мо ба шиддат изҳороти ахири вазири дороии режими Исроил дар мавриди гуруснагӣ додан ба ғайри низомиён дар Ғаззаро маҳкум мекунем».

Вай бо баёни инки гуруснгӣ додани амдӣ ба ғайри низомиён ҷинояти ҷангӣ аст, тавзеҳ дод: «Баёнияи Бетсалел Смотрих  бори дигар таҳқири ҳуқуқи байналмилал ва усули аввалияи башарият [тавассути Исроил]-ро собит мекунад».

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо тасреҳ кард: «Инки ба Исроил иҷоза бидиҳем то боиси марги ду миллион ғайри низомӣ [дар Ғазза] бишавад то замоне, ки гаравгонҳо бозгардонда шаванд, кори ғайри ахлоқӣ аст».

Ҷозеп Баррел ҳамчунин афзуд: «Мо аз Исроил мехоҳем, ки тасмимоти девони байналмилалии додгустариро иҷро карда ва дастрасии комили [башардӯстона] ба Ғаззаро тазмин кунад».

https://tajikpress.com/2024/08/08/

captcha