Теҳрон (ИКНА) бисту ҳаштумин сураи Қуръон Қасас ном дорад. Ин сура макӣ, чиҳил ва нӯҳумин сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст. Сураи Қасас бо 88 оят дар ҷузът 20 Қуръон ҷой дорад.
Далели номгузории ин сура ба номи “Қасас”, пардохтан ба достонҳои марбут ба бархе аз Паёмбарон аст. Таваллуди ҳазрати Мӯсо, издивоҷи ӯ бо духтари Шуъайб, муборизаи Мӯсо бо Фиръавн, моҷарои қорун ва баҳонаҳои мушрикони Макка барои имон наёвардан ба Паёмбар(с) бахше аз ановини матолиби сураи Қасас аст.
Аллома Таботабоӣ ҳадафи аслии сураи Қасасро баёни ваъдаи пирӯзии муъминон дониста, ки қабл аз ҳиҷрат ба Мадина дар Макка гурӯҳи кӯчаке буданд ва дар сахттарин шароит ба сар мебаранд ва инки Худованд бар онон миннат ниҳода ва бо пирӯзӣ бар фароина замон, ба онҳо қудрат дар замин медиҳад; Ба ҳамин манзур ба нақли достони Мӯсо аз вилодат то пирӯзӣ бар Фиръавн мепардозад.
Ин сура, ки дар давраи сахтӣ ва ранҷи мусулмонон нозил шуда, муқоисаои аз зиндагии онон бо сахтиҳои бани Исроил дар ҷанги Фиръавн дорад ва пирӯзии онҳо, шикасти тоғутҳо ва ба ирс расидани замин ба онҳоро навид медиҳад.
Дар ин сура, достонҳое аз вилодати ҳазрати Мӯсо то нубувват ва муборизааш бо Фиръавн ва наҷоти бани Исроил аз истизъоф ва низ зарандӯзии Қорун ва сарнавишти талхи ӯ баён шудааст.
Дар бахши дигаре аз сураи Қасас ба достони Қорун пардохта, ки бо такя бар илм ва сарвати худ дучори ғурур шуд ва сарнавишти монанди Фиръавн пайдо кард. Тафсири Намуна баён достони набудии Фиръавн ва Қорун дар баробари Мӯсоро равшан кунандаи ин нукта барои мусулмонони Макка медонад, ки на сарватмандони Макка ва на қудратмандони мушрик, тавоноӣ муқобила бо иродаи Худо мабнӣ бар пирӯзии мустазъафонро надорад.
Дар бахшҳое аз ин сура низ ба дарсҳое аз тавҳид ва маод, аҳамияти Қуръон, вазъи мушрикон дар қиёмат, масъалаи ҳидоят ва залолат ва посух ба баҳонаҷӯиҳои афроди заиф барои имон нёвардан ба Паёмбар(с) пардохтааст.