IQNA

Ҳушдори Лукашенко ба вазирони корҳои дохилии кишварҳои ИДМ

19:56 - August 09, 2024
рақами хабар: 1950
ИКНА - Раисҷумҳури Белорус ба кишварҳои ИДМ, ки бинобар таҳримҳои кишварҳои Ғарб аз ҳамкорӣ бо Русия худро канор мегиранд, ҳушдор дод.

Раисҷумҳури Белорус ба кишварҳои ИДМ, ки бинобар таҳримҳои кишварҳои Ғарб аз ҳамкорӣ бо Русия худро канор мегиранд, ҳушдор дод.

Ба гузориши манбаъ:

Раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко ба кишварҳое, ки дар ҷустуҷӯи имтиёзҳо ҳастанд ва ба далели таҳримҳои зидди Русия бо ин кишвар ҳамкорӣ намекунанд, ҳушдор дод, иттилоъ додааст хабаргузории “Белта”.

Лукашенко дар мулоқот бо вазирони корҳои дохилии кишварҳои ИДМ гуфт:

“Ман бо роҳбарони СПАД, ИДМ – мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зуд-зуд дидор мекунам ва бо онҳо суҳбатҳои ошкоро дорем. Мо мардем, руирост гап мезанем, ки “вақтҳои охир вазъияте ба амал омад, ки аз ҷумла дар робита ба гузаронидани амалиёти вижаи Русия дар Украина, ки бисёриҳо — ҳам роҳбарон ва ҳам амниятиҳо, ки бояд умуман ин кор намбошад, барои худ суд меҷӯянд”.

Вай ёдовар шуд, ки ҳаёти имрӯза “хеле буҳрониву тағйирёбанда” шудааст.

Раҳбари Белорус таъкид кард:

“Бисёриҳо дар пайи суди худ ҳастанд, аз ҷумла аз тамоюли умумии рушди мо, ки дар замони шӯравӣ ба вуҷуд омада буд. Баъзеҳо (фикр мекунанд): “Мо аз Русия дур хоҳем буд, он зери таҳрим аст. Мо аз таҳримҳо метарсем, ки мабодо зери онҳо науфтем ва ғайра… Мо суди худро меҷӯем  ин корро накунед”.

Лукашенко таъкид кард, ки зиндагӣ хеле тағйирёбанда аст ва касе намедонад, ки вазъ чӣ гуна хоҳад шуд.

Рохбари Белорус гуфт:

“Кӣ медонад, ки фардо бо мо ва давлатҳои мо чӣ мешавад ва шояд мо ба Русия муроҷиат кунем ва рӯйдодҳои охир нишон медиҳанд, ки ба мо на ба касе лозим нестем. Мо бояд якҷо бошем”.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Иттиҳодияи Аврупо дар сурати ошкор шудани кумаки Русия метавонад алайҳи колоҳои худ барои Осиёи Марказӣ таҳрим ҷорӣ кунад.

Дар ин бора рӯзномаи Telegraph бо истинод ба санади дахлдор менависад.

Дар хабарнома омадааст:

“Пойтахтҳои Аврупо нақшаи ҷорӣ кардани таҳримҳои тиҷоратӣ алайҳи кишварҳоеро баррасӣ мекунанд, ки ба Маскав барои саркашӣ аз чораҳои муҷозот кӯмак мекунанд”.

Гуфта мешавад, намояндагони Иттиҳодияи Аврупо афзоиши интиқоли коло бо технологияҳои дуҷониба ба кишварҳои Осиёи Марказиро сабт кардаанд. Пас, ин гуна маҳсулотро ҳам барои истифодаи ҷомеа ва ҳам барои сохтани силоҳ истифода бурдан мумкин аст. Идомаи матлаб дар …

https://tajikpress.com/2024/08/09/

captcha