IQNA

Охирин омори талафоти сарбозони саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза

19:58 - August 09, 2024
рақами хабар: 1951
ИКНА - Артиши Исроил дар гузорише омори ахири талафоти сарбозони худро эътироф кардааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, артиши Исроил имрӯз (ҷумъа) дар баёнияе иқрор кард, ки аз оғози ҷанг алайҳи Ғазза 689 афсар ва сарбози саҳюнистӣ кушта ва 639 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Артиши саҳюнистӣ бо эъломи ин омор гуфт, 213 афсар ва сарбоз то ҳол дар бемористонҳо муолиҷа мешаванд, ки 29 нафари онҳо ҷароҳатҳои сангин бардоштаанд.

Ал-Ҷазира навишт, артиши саҳюнистӣ ҳамчунин эълом кард, ки аз оғози ҷанги Ғазза 4284 афсар ва сарбоз маҷрӯҳ шудаанд, ки аз оғози амалиёти заминӣ 2190 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Бар асоси ин омор, дар даргириҳои шабонарӯзи гузашта дар Ғазза 12 сарбоз захмӣ шудаанд.

https://tajikpress.com/2024/08/09/

captcha