Ба гузориши ТоҷикПресс, Анас Ҳаққонӣ, узви аршади Толибон дар шабакаи Х навишт аз муҳоҷирини афғон мехоҳам, ки ба хона бозгарданду даст дар дасти якдигар, Афғонистонро бисозанд.
Вай афзуд, афғонҳо ба далели ҷангу нобасомониҳои таҳмилшуда маҷбур ба тарки ватан шуданд, мо аз паноҳ додан ва меҳмоннавозии кишварҳои мизбон сипосгузор ҳастем.
Анас Ҳаққонӣ таъкид кард, лутфу эҳсони ҳамсоягони Афғонистонро ҳамеша ба ёд хоҳем дошт, аммо муҳоҷирситезӣ ва нақзи ҳуқуқи инсонии афғонҳои муҳоҷир қобили қабул нест.
Бародари вазири кишвари ҳукумати Толибон ҳамчунин изҳор дошт аз муҳоҷирин мехоҳам, ки ба Афғонистон бозгарданд ва дар ин сарзамин соҳиби иззат, ҳайсият, каромат ва арзишҳо шаванд.
https://tajikpress.com/2024/08/09/