Дар бомбаборони мадрасаи оворагони фаластини дар маркази Ғазза тавассути саҳюнистҳо беш аз 100 нафар шаҳид ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.
Режими саҳюнистӣ ҳамзамон бо намози субҳ бо ҳамла ба як мадрасаи оворагони фаластинӣ дар маҳалла Ад-Дарҷ дар маркази Навори Ғазза ҷинояти ҷадидеро анҷом дод, ки дар ҷараёни он беш аз 100 нафар шаҳид ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.
Созмони дифои маданӣ дар Ғазза эълон кард: намозхонаи мутааллиқ ба мадрасаи оворагон дар маҳаллаи Ад-Дарҷ дар маркази Ғазза ҳадафи ҳамлаи се мушаки саҳюнистҳо қарор гирифтааст, ки дар пайи он беш аз 100 нафар ба шаҳодат расиданд.
Дафтари иттилоърасонии давлати Фаластин дар Ғазза эълон кард: артиши режими ишғолгари саҳюнистӣ оворагонро ҳангоми иқомаи намози субҳ ба таври мустақим ҳадаф қарор дод, ки ҳамин масъала боиси афзоиши теъдоди шаҳидон шудааст.
Расонаҳои маҳаллии фаластинӣ тасвирҳое аз ин ҷинояти дилхарошро нашр карданд, ки аъзои пайкарҳои муталошии шаҳидон ба рӯи ҳам ҳамчунон бар замин қарор гирифтаанд.
Расонаҳои фаластинӣ гузориш доданд: макони ин ҷиноят, ки ҳангоми намози субҳ рӯй додааст, мамлув аз ҷамъияти оворагони фаластинӣ будааст.
Бар асоси ин гузориш, бархе аз шаҳидони ин ҷиноят ҳамчунон зери овораҳо мондаанд, ки пайгириҳо ва талошҳо барои хориҷ кардани пайкари шаҳидон ҳамчунон идома дорад.
Ин чандмин бор аст, ки саҳюнистҳо маҳалли искони оворагони фаластиниро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд. Артиши режими саҳюнисти дар тавҷеҳи ин ҷиноят муддаӣ шуд, ки афроди мусаллаҳи Ҳамосро, ки дар ин мадраса паноҳ гирифта буданд ҳадаф қарор додааст!
https://tajikpress.com/2024/08/10/