IQNA

Режими саҳюнистӣ дар 10 рӯз ба 13 маркази оворагон ҳамла кардааст

15:47 - August 10, 2024
рақами хабар: 1958
ИКНА - Созмони дифои мадании Ғазза ба думболи ҳамлаи бомдодии режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба як мадраса дар маркази Навори Ғазза эълом кард, режими ғосиб ва ҷинояткори саҳюнистӣ тайи 10 рӯзи гузашта ба 13 маркази оворагони фаластинӣ ҳамла кардааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ “Маҳмуд Басл” сухангӯи Созмони дифои мадании Ғазза имрӯз (шанбе) хабар дод артиши режими ҷинояткори ва ваҳшии саҳюнистӣ аз ибтидои моҳи август беш аз 13 маркази оворагони фаластинӣ дар Навори Ғаззаро мавриди ҳамла қарор додааст.

Маҳмуд Басл, ки дар як нишасти матбуотӣ дар Навори Ғазза суханронӣ мекард, гуфт: «Ишғолгарони саҳюнистӣ мадрасаи дутабақаи Ат-Тобиинро, ки дар табақаи аввали он занони овора ва кӯдакони истиқомат доштанд ва табақаи аввали он як намозхона барои оворагон буд, ҳадафи ҳамалоти ваҳшиёнаи худ қарор доданд ва занону кӯдакони бегуноҳи зиёдеро ба шаҳодат расонданд.»

Артиши режими ҷинояткори ва кӯдаккуши саҳюнистӣ, саҳаргоҳи имрӯз, бо иддаои ҳузури неруҳои Ҳамос дар мадрасаи «Ат-Тобиин» дар маркази Навори Ғазза ин мадрасаро, ки ҳазорон овораи фаластинӣ дар он истиқомат доштанд ҳангоми намози субҳ ҳадаф қарор дод.

Ба думболи ин ҳамла, беш аз 100 фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд ва аҳаҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Сухангӯи дифои мадании Ғазза дар бораи ин ҳамла гуфт: «Дар мадрасаи Ат-Тобиин беш аз 6 ҳазор овора истиқомат доштанд, ки баъд аз нобудии хонаҳояшон тавассути неруҳои ишғолгар ва ҷинояткори Исроил дар чанд минтақаи Ғазза ба ин мадраса паноҳ оварда буданд.»

Ӯ ҳамчунин ишора кард, ки 11 нафар аз шуҳадои ҳамлаи бомдоди имрӯз кӯдак ва 6 нафари дигар аз онҳо зан буданд ва даҳҳо нафар низ ҷароҳати хатарноке доранд.

https://tajikpress.com/2024/08/10/

captcha